Раҳмон озими нишаст шуд: ҳамла ба постгоҳи "Ишқобод" мавзӯи меҳварии ҷаласа мебошад

Ҳамлаи мусаллаҳона ба постгоҳи марзии Тоҷикистону Узбакистон яке аз мавзӯҳои меҳварии рӯзномаи ҷаласа ба ҳисоб меравад
Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тоза ба нишасти сарони СААД пайваст.
Интизор меравад, дар ҷараёни нишасти сарони созмони мазкур, ҳодисаи ҳамлаи мусаллаҳона ба постгоҳи "Ишқобод" воқеъ дар марзи Тоҷикистону Узбакистон мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирад.
Гуфта мешавад, иштирокчиёни ин ҳамоиш қабл аз ҳама тақвияти сарҳади Тоҷикистону Афғонистонро муҳокима мекунанд ва сипас ба мавзӯи нерӯи низомӣ ва таҳияи стратегияи глобалии зиддитеррористӣ таваҷҷӯҳ мекунанд.
Қобили зикр аст, ки дар рӯзномаи ҷаласа 17 масъала, аз ҷумла ҷашни қарибулвуқӯи 75-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ баррасӣ мешавад.
Ёдовар мешавем, ки раисҷумҳури Русия Владимир Путин озими Ҷумҳурии Қирғизистон гардид. Дар фурудгоҳи байналмилалии "Манас" раисҷумҳури Русияро худи Сооронбой Жээнбеков пешвоз гирифт.
Комментарии (0)