Эмомалӣ Раҳмон бо президенти Фаронса Эманнуэл Макрон дидор кард - видео

Дар Порис дидору мулоқоти президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раисиҷумҳури Фаронса Эманнуэл Макрон ҷараён дорад
Дар пойтахти Фаронса шаҳри Порис мулоқоти кишвардорон Эмомалӣ Раҳмон ва Эманнуэл Макрон оғоз шуд, хабар медиҳад, Agence France-Presse.
Ҷузиъёти мавзуи мулоқоти президентҳо гуфта намешавад.
Эмомалӣ Раҳмонро президенти Фаронса Эманнуэл Макрон таҳти суруди миллии Тоҷикистон ботантана пешвоз гирифт.
Ёдрас мешавем, ки пеш аз дидор бо Макрон, Эмомалӣ Раҳмон бо Шоҳзода Карим Оқохони IV мулоқот кард ва масоили ҳамкории Тоҷикистон бо “Ташкилоти Оқохон оид ба рушд”-ро баррасӣ намуд.
Дар баробари ин Эмомалӣ Раҳмон бо доираи соҳибкорони Фаронса дидору мулоқот намуд.
Президенти Фаронса Эманнуэл Марон бошад, чанде пеш аз сафари корӣ аз Чин бозгашт.
Комментарии (0)