Муҳриддин мақомдорони кишварҳои Гурӯҳи 77 - ро ба Душанбе даъват кард

Вазири тоҷик мақомдорони кишварҳои аъзои Гурӯҳи 77 - ро барои иштирок дар кори конфронси Даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои рушди устувор", солҳои 2018-2028", ки соли 2020 дар шаҳри Душанбе барпо мегардад, даъват кард
Рӯзи 27 сентябр дар қароргоҳи СММ дар шаҳри Ню-Йорк вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар Иҷлоси солонаи вазирони корҳои хориҷии Гурӯҳи 77 ва Чин ширкат намудааст.
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон зимни суханронӣ аҳамияти татбиқи Рӯзномаи 2030 –ро таъкид намуда, зикр кардааст, ки Тоҷикистон бо мақсади ноил шудан ба Ҳадафҳои рушди устувор Стратегияи миллии рушд то соли 2030-ро қабул намудааст.
Вазир ҳозиринро оид ба омодагӣ ба Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд ҷиҳати татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои рушди устувор", солҳои 2018-2028", ки соли 2020 дар шаҳри Душанбе барпо мегардад, иттилоъ дода, аз кишварҳои аъзои Гурӯҳи 77 ҷиҳати иштирок дар кори конфронси мазкур даъват ба амал овард.
Комментарии (0)