< Жээнбеков ба Раҳмон: "бовар дорам, муносиботи дӯстонаи мо тақвият хоҳад ёфт" » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Жээнбеков ба Раҳмон: "бовар дорам, муносиботи дӯстонаи мо тақвият хоҳад ёфт"

Жээнбеков ба Раҳмон: "бовар дорам, муносиботи дӯстонаи мо тақвият хоҳад ёфт"
Раисиҷумҳури Қирғизитон ба унвони кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон номаи шодбошӣ фиристод

Президенти Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков изҳори боварӣ кардааст, ки минбаъд низ муносиботи дӯстонаи ду кишвр тақвият хоҳад ёфт.

Бино ба гузориши котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон, Сооронбой Жээнбеков дар номаи табрикотиаш ба муносибати 28-солагии истиқлоли давлатӣ гуфтааст, ки "аз номи мардуми Қирғизистон ва шахсан аз номи худам Шумо ва тамоми мардуми тоҷикро бо Рӯзи истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод менамоям".

Жээнбеков афзуда, ки муваффақиятҳои назаррасе, ки зери роҳбарии хирадмандонаи Шумо то имрӯз дар рушди иҷтимоиву иқтисодии Тоҷикистон ба даст омадаанд, хусусан таъсирбахш мебошанд.

"Боварии амиқ дорам, ки муносибатҳои воқеан дӯстонаву ҳусни ҳамҷаворӣ байни Қирғизистону Тоҷикистон бо дастгирии шахсии Шумо минбаъд ҳам дар ростои манфиатҳои мардумони ду давлат тақвият хоҳанд ёфт", - омадааст дар номаи шодбошӣ.

Дар охир Жээнбеков бо истифода аз ин фурсат, ба Эмомалӣ  Раҳмон, сиҳатии бардавому некрӯзӣ, дар фаъолияти масъулиятноки давлатӣ  комёбиҳо ва ба мардуми бародари тоҷик сулҳу шукуфоӣ таманно кардааст.

Комментарии (0)

Оставить комментарий