< Рустами Эмомалӣ ба сокинон: мустақиман аз камбудиҳои соҳаи тандурустӣ хабар диҳед » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Рустами Эмомалӣ ба сокинон: мустақиман аз камбудиҳои соҳаи тандурустӣ хабар диҳед

Рустами Эмомалӣ ба сокинон: мустақиман аз камбудиҳои соҳаи тандурустӣ хабар диҳед
Шаҳрдори шаҳри Душанбе аз сокинони пойтах даъват намудааст, ки тариқи Viber» ва «Whatsapp» телефон ва почтаи электорнӣ аз камбудиҳои соҳаи тандурустии пойтахт хабар диҳанд

Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе ахиран аз сокинони пойтахт даъват намудааст, ки барои беҳтар намудани вазъи соҳаи тандурустӣ бо ҳар роҳу восита аз камбудиҳои ин соҳаи ба мақомоти шаҳр хабар диҳанд.

Дар ин бора дафтари матбуоти раиси шаҳри Душанбе хабар додааст.

Бино бар иттилои манбаъ Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе бо мақсади беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии муассисаҳои тиббии пойтахт ва фаъолияти кормандони соҳаи тандурустии шаҳр аз сокинони пойтахт даъват намудааст, ки аз камбудиҳои ҷойдошта дар ин соҳа фикру мулоҳиза ва таклифу пешниҳодҳояшонро ба мақомоти шаҳр расонанд.

Раиси шаҳр таъкид намудааст, ки сокинон метавоанад аз камбудиҳои ҷойдошта, фикру мулоҳиза ва таклифу пешниҳодҳои худро мустақиман тавассути “Viber” ва “Whatsapp” бо телефони рақами 985-95-22-22 ва почтаи электронии dushanbe80@yahoo.com ба унвони Раиси шаҳри Душанбе ирсол намоянд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий