< Дар Душанбе ҷаласаи сардорони ситодҳои Қувваҳои Мусаллаҳи кишварҳои аъзои ИДМ баргузор мешавад » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Дар Душанбе ҷаласаи сардорони ситодҳои Қувваҳои Мусаллаҳи кишварҳои аъзои ИДМ баргузор мешавад

Дар Душанбе ҷаласаи сардорони ситодҳои Қувваҳои Мусаллаҳи кишварҳои аъзои ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи сардорони ситодҳои Қувваҳои Мусаллаҳи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) баргузор мешавад. 

Ҷаласаи мазкур 21-24 август баргузор гардида, дар он ҳайатҳои ситодҳои генералии Қувваҳои Мусаллаҳи кишварҳои аъзои ИДМ иштирок менамоянд.

Тибқи иттилои котиби матбуотии Вазорати мудофиаи мамлакат, интизор меравад, ки иштирокдорон масъалаҳои банақшагирии дурнамодори фаъолияти муштарак ва рушди ҳамгироии бисёрҷониба, инчунин таъсис ва такмили низомҳои муштараки низомиро баррасӣ намоянд.

Инчунин барои сардорони ситодҳои Қувваҳои Мусаллаҳ саёҳат ба Маҷмааи фарҳангию фароғатии «Кохи Наврӯз»-и пойтахт, Боғи Ирам ва Осорхонаи миллии Тоҷикистон ташкил мегардад.

Комментарии (0)

Оставить комментарий