< ДАР АРАФАИ ИДИ ҚУРБОН ДАР АРАФОТ БОРОН БОРИД » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

ДАР АРАФАИ ИДИ ҚУРБОН ДАР АРАФОТ БОРОН БОРИД

ДАР АРАФАИ ИДИ ҚУРБОН ДАР АРАФОТ БОРОН БОРИД
Нимаи дуюми рӯзи 10 август, дар Арафот, ки нуқтаи авҷи маросими Ҳаҷ идома дошт, борон борид. Зоирони тоҷик бо ирсоли аксу видео аз Арафот ба сомонаи "Ахбор” гуфтанд, ки дар шароити гармои ҷонгудози Арабистони Саудӣ ин боронро зоирон ҳамчун як раҳмати Худованд пазируфтанд ва зоирони зиёде аз хаймаҳои худ ба берун рехта, дуои шукрона карданд.
Зоирони тоҷик ҳамчунин хабар доданд, ки рӯзи шанбе дар арафаи иди Қурбон як зани кӯҳансол аз вилояти Суғд, ки ҳамроҳи писараш барои адои маносики Ҳаҷ омада буд, дар Арафот ҷон ба Ҷонофарин таслим кардааст. Имсол аз Тоҷикистон ҳудуди 6500 нафар барои адои маносики Ҳаҷ ба Арабистони Саудӣ сафар карданд.
Имсол бори аввал Тоҷикистон аз тамоми квотаи барояш ҷудокардаи Саудӣ (7500 зоир) истифода бурда натавонист. Даҳҳо нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон тавассути кишварҳои дигар, аз ҷумла Русия сафари Ҳаҷ карданд, чунки сафар аз Русия ба Маккаву мадина нисбат ба Тоҷикистон, ки нархи Ҳаҷ 3700 доллар муқаррар шудааст, арзонтар аст.



Ахбор​​​

Комментарии (0)

Оставить комментарий