Тирпарониҳо дар ИМА
Ҳамчунин шаби якшанбеи санаи 04-уми август дар шаҳри Дейтони штати Огайо, аз ҷониби ашхоси номаълум ҳодисаи тирпаронӣ ба қайд гирифта мешавад. Дар натиҷаи ин тирпарониҳо ҳафт нафар шаҳрвандони мулкӣ ба ҳалокат мерасанд.
Ёдовар бояд шуд, ки ҳодисаи дигари тирпаронӣ дар як шабонарӯзи охир дар мағозаи Cielo Vista шаҳри Эл-Пасо сурат гирифт. Қайд мегардад, ки дар натиҷаи тирпаронӣ 20 нафар кушта ва 26 нафари дигар захмӣ гардидаанд. Ҷинояткори ин ҳодиса ҷавони 21-сола аз ҷониби мақомотҳои қудратӣ дастгир шудааст.
Комментарии (0)