< Тағйироти кадрӣ: Эмомалӣ Раҳмон раисони 10 ноҳияро барканор кард » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Тағйироти кадрӣ: Эмомалӣ Раҳмон раисони 10 ноҳияро барканор кард

Тағйироти кадрӣ: Эмомалӣ Раҳмон раисони 10 ноҳияро барканор кард
Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тағйироти кадрӣ амалӣ кард

Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо натиҷагирӣ аз сафарҳои корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, таҳлилу баррасии ҷараёни корҳои ободонию бунёдкорӣ, вазъи имрӯзаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳру ноҳияҳо ва ошкор намудани як қатор камбудиҳои ҷиддӣ дар фаъолияти роҳбарони баъзе ноҳияҳои вилоят тағйироти кадрӣ ба амал баровард.

Бо Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон раисони шаҳри Норак, ноҳияҳои Кӯшониён, Вахш, Ёвон, Ҷайҳун, Панҷ, Шаҳритус, Носири Хусрав, Восеъ, Темурмалики вилояти Хатлон ва ноҳияи Сангвор аз вазифаҳояшон озод гардида, ба ҷойи онҳо роҳбарони кордону масъулиятшинос ва дорои нишондиҳандаҳои хуби меҳнатӣ таъин гардиданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кадрҳоеро, ки ба вазифаҳои масъули давлатӣ таъйин гардиданд, ба хизмати софдилонаву поквиҷдонона,  вусъати корҳои ободонию созандагӣ, дар ҳамкорӣ бо соҳибкорони ватандӯст, дигар шахсони саховатпеша ва аҳолӣ бунёд ва азнавсозии иншооти таъиноти гуногун ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи қонун иҷро намудани вазифаҳои хизматӣ даъват намуданд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий