< Сафири Тоҷикистон дар Кобул бо вазири корҳои хориҷии Толибон дидор кардааст » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Сафири Тоҷикистон дар Кобул бо вазири корҳои хориҷии Толибон дидор кардааст

Сафири Тоҷикистон дар Кобул бо вазири корҳои хориҷии Толибон дидор кардааст
​​Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Толибон рӯзи 12-уми феврал иттилоъ дода, гуфтааст, ки ҷонибҳо аз ҷумла, «тақвияти ҳамкориҳои марзиву амниятӣ, тавсеаи робитаҳои дипломативу рафтуомади ҳайатҳои ду тараф, тарзи баргузории нишасти Кумитаи муштараки иқтисодӣ ва барномаҳои вазоратҳои корҳои хориҷии ду кишвар дар соли пеширӯро» баррасӣ карданд.
Мақомоти Тоҷикистон дар бораи ин мулоқот расман изҳори назар накардаанд.

Ба гуфтаи манбаъ, Саъдӣ Шарифӣ дар ин мулоқот гуфтааст, ки Тоҷикистон барнома ва тарҳҳои муҳими иқтисодӣ дар марзи муштараки ду кишвар бо Толибон дорад. Ӯ илова кардааст, ки Душанбе «бар асоси воқеиятҳои мавҷуд ба дунболи густариши муносибатҳо бо Кобул аст».
Бар асоси хабарномаи Толибон, сафири Тоҷикистон «дар мавриди охирин пешрафтҳо дар хусуси тавофуқоти қаблӣ миёни Душанбе ва Кобул» ба вазири хориҷаи Толибон маълумот додааст. Вале маълум нест, ки манзур аз «тавофуқоти қаблӣ» чӣ созишҳое аст.
Дар хабари Толибон омадааст, ки Амирхон Муттақӣ ба «тааҳҳуди қавӣ» барои густариши муносибатҳо бо Тоҷикистон таъкид карда, гуфтааст, ки «ҳеҷ кас наметавонад ба робитаҳои дӯстона ва фазои эътимод миёни ду кишвари ҳамсоя осеб расонад».

«Афғонистон ва Тоҷикистон ба унвони ду кишвари ҳамсоя, бародар ва мусалмон бо таваҷҷуҳ ба муштаракоту пайвандҳои амиқи фарҳангиву забонӣ метавонанд аз фурсатҳои бавуҷудомада ба ҳадафи густариши муносибат дар ҳама сатҳҳо, бахусус, ҳамкориҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва тиҷорӣ истифодаи беҳтар кунанд», — гуфтааст Амирхон Муттақӣ.

Бояд гуфт ин дуюмин мулоқоти Саъдӣ Шарифӣ бо мансабдорони воломақоми Толибон аст, ки дар чанд вақти охир аз сӯйи расонаҳои Афғонистон расонаӣ мешавад. Пештар аз ин, моҳи сентябри соли 2025 расонаҳи кишвари ҳамсоя навишта буданд, ки сафири Тоҷикистон дар Кобул ба вилояти Кунари Афғонистон рафта, бо Қудратуллоҳ Абӯҳамза, роҳбари Толибон* дар ин вилоят мулоқот кардааст.
Аммо ҳеҷ як аз ин дидору суҳбатҳо аз сӯйи мақомоти Тоҷикистон расман шарҳ дода нашудааст.


Сироҷиддин Муҳриддин

Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии кишвар, ки боз ҳам ба навиштаи расонаҳои Афғонистон охири соли гузашта бо Амирхон Муттақӣ суҳбати телефонӣ дошт, зимни нишасти матбуотии ахир равобити ду кишварро шарҳ дода, гуфт, кишварҳои ҳаммарз бо Афғонистон, аз ҷумла Тоҷикистон бо такя ба ҳифзи манфиатҳои миллии худ ҳамкориро бо ин кишвари ҳамсоя ба роҳ мондааст.
«Мо бар ин назарем, ки ҳар як давлати соҳибистиқлол ҳақ дорад сиёсати худро мутобиқи манфиатҳои миллии худ пеш барад. Дар ин замина бояд таъкид кард, ки бисёр кишварҳо, аз ҷумла кишварҳои ҳаммарз бо Афғонистон, низ бо ин кишвари ҳамсоя бо такя ба манфиатҳои миллии худ ҳамкориро ба роҳ мондаанд», — изҳор дошт ӯ.

Сироҷиддин Муҳриддин гуфт, «мавқеи мо нисбат ба Афғонистон устувор аст. Мо мехоҳем Афғонистонро кишвари амну босубот, сулҳомез ва шукуфон бубинем».

Бояд гуфт, Тоҷикистон ягона кишвар дар Осиёи Марказӣ аст, ки ба таври расмӣ мегӯяд, бо Толибон равобити мустақим надорад, аммо гузоришҳо аз мулоқоту машвари дуҷониба, ки вақтҳои охир зиёд нашр мешаванд, аз нармиши равобит миёни ду кишвар гувоҳӣ медиҳад.
*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.


Сарчашма: asiaplustj.info
​​​

Комментарии (0)

Оставить комментарий