< Тоҷикистониҳое, ки дар соли 2025 кишварро ба ҷаҳониён муаррифӣ карданд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Тоҷикистониҳое, ки дар соли 2025 кишварро ба ҷаҳониён муаррифӣ карданд

Тоҷикистониҳое, ки дар соли 2025 кишварро ба ҷаҳониён муаррифӣ карданд
​Ҳар сол шаҳрвандони кишвар, аз ҷумла мутахассисон аз соҳаҳои гуногун, Тоҷикистонро дар ҷаҳон бештар шинохтатар мекунанд. Дар ин мавод дар бораи касоне маълумот медиҳем, ки ватанро дар арсаи ҷаҳонӣ маъруфу машҳур карданд.

 Дастовардҳои варзишӣҲамасола варзишгарони тоҷик дар мусобиқаҳои ҷаҳонӣ мукофоту ҷоизаҳо ба даст меоранд. Дар байни онҳо на танҳо варзишгарони касбии маъруф, балки наврасон низ ҳастанд. Яке аз ин наврасон Мадина Қурбонзода, ҷудокори тоҷик, ки аввали моҳи май дар мусобиқаи байнулмилалии ҷудо дар «Тоскулоҳи бузурги Душанбе-2025» нахустин духтар-зане дар Тоҷикистон шуд, ки ба дарёфти медали биринҷӣ даст ёфт. Навори шодии ӯро ҳамроҳи падараш дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳазорон нафар тамошо карданд.

Дар «Тоскулоҳи бузурги Душанбе -2025» мунтахаби Тоҷикистон дар маҷмуъ, 4 медали тилло, 3 нуқра ва 4 биринҷӣ ба даст овард. Медалҳоро Нуралӣ Эмомалӣ, Меҳрзод Сӯфиев, Ёсин Бобокалонов, Муҳиддин Асадуллоев, Сомон Маҳмадбеков, Абӯбакр Шеров, Темур Раҳимов, Ҷаҳонгир Маҷидов, Кароматулло Ҳакимов ба даст оварданд.

Моҳи ноябри соли 2025-ум Бозиҳои VI ҳамбастагии исломӣ дар Ар-Риёзи Арабистони Саудӣ барои варзишгарони тоҷик боз як рӯйдоди таърихӣ шуд. Дар ин мусобиқа онҳо ба дарёфти 3 медали нуқра ва 3 биринҷӣ даст ёфта, дар ҳисоби умумидаставӣ зинаи 28-умро касб карданд.

Ҷудокори тоҷик Абӯбакр Шеров медали нуқра, гӯштингири тарзи озод Абдулмаҷид Кудиев (65 кг) медали нуқра ва дар варзиши тенниси рӯйи миз Саъдӣ Исмоилов медали биринҷӣ ба даст оварданд.

Ҷудокорон дар вазни вазнин ду медал гирифтанд: Ҷаҳонгир Маҷидов (100 кг) медали биринҷӣ ва Темур Раҳимов (+100 кг) — медали нуқра. Дар вазни 52 кг ҷудокорзани навраси тоҷик Мадина Қурбонзода медали нуқра ба даст овард.

Ҳамчунин, муштзани тоҷик Баҳодур Усмонов дар вазни сабук (61,2 кг) дар радабандии навшудаи WBA мақоми 9-умро касб кард. Ин нахустин чунин натиҷаи баланди варзишгари тоҷик аст.

Бежан Абдуллоев, пойгарони мошинҳо дар мусобиқаи «FIA China Racing Karting Championship» дар Ухани Чин пирӯзӣ ба даст овард.

Аввали моҳи декабр ӯ дар даври финалии мусобиқоти Чин CRKC 2025 пирӯз шуда, мавсимро бо нишондиҳандаҳои рекордӣ ба анҷом расонид. 
 
Уфуқҳои нав дар тиҷоратДилшод Ҷӯразода имсол ба курсии мудири кулли КВД «TajInvest» нишаста, аллакай чанд маротиба иконоти сармоягузории Тоҷикистонро барои сармоягузорони хориҷӣ муаррифӣ кард. Моҳи ноябр «TajInvest» дар Ню-Йорк чорабинии сармоягузории «Presentation on Tajikistan’s Investment Opportunities» роҳандозӣ кард.

Дар он худи Дилшод Ҷураев доир ба муҳити мусоиди сармоягузорӣ ва кафолатҳои қонунгузорӣ, механизмҳои дастраси маъмурӣ ва ҳуқуқии дастгирӣ, инчунин хадамоти «One-Stop-Shop» барои ҳамроҳӣ ба сармоягузоронро муаррифӣ кард.

Пештар аз ин, ин ниҳод имконоти сармоягузории кишварро дар зиёфати шомгоҳӣ дар Амороти Муттаҳидаи Араб муаррифӣ карда, 15 пешниҳоди тиҷоратӣ манзур кард. Ба иттилои ин мақомот, ин пешниҳодҳо аллакай аз ҷониби сармоягузорони  хориҷӣ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтанд.

Азизҷон Азимӣ яке аз пешгомони ҳуши маснӯӣ (зеҳни сунъӣ) дар Осиёи Марказӣ, хатмкардаи Стэнфорд ва Ҳарвард, муассиси «TajRupt» ва Академияи ҳуши маснӯӣ аст. Ӯ ширкати «zypl.ai"-ро таъсис дод, ки ба қатори созмондиҳандагони яке аз рӯйдодҳои бузургмиқёси оли равон — конфронси байнулмилалии «AI Conf 2025» шомил мегардад.

Ин ҳамоиш, 200 иштирокчӣ аз зиёда аз 30 кишвар бо шумули роҳбарони ширкатҳоро бо сармояи умумии беш аз 8,4 трлн доллар гирдиҳам овард. 

Аз рӯи натиҷаҳои «AI Conf 2025» ба маблағи 117 млн доллар созишномаҳо ба имзо расида, инчунин дар самти роҳандозии ҳуши маснӯӣ дар соҳаи маориф, идоракунии давлатӣ ва нахустин маркази додаҳои сабз дар бораи нерӯи барқи обӣ дар Дарвоз лоиҳаҳо оғоз шуданд. 

Пирӯзӣ дар номинаи «Best Use of AI in Financial Services» дар «AI World Series 2025» дастоварди шахсии «zypl.ai» маҳсуб меёбад, ки моҳи ноябр доир гардид. Ширкат аз чор дастаи ба финал роҳёфта пеш гузашт, ки миёни онҳо бонкҳои комилан ба ҳуши маснӯӣ асосёфта ҳузур доштанд. Ғайр аз ин, Азизҷон раиси Шӯро дар бораи  ҳуши маснӯии назди Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон буда, соли 2018 аввалин тоҷикистонӣ буд, ки ба рӯйхати «Forbes 30 то 30» шомил шуд.
 
Дастовардҳои олимонМоҳи октябр олими тоҷик Фаррух Шарофзода ва Мақсуд Саидаминов ду олими тоҷик ба феҳристи муҳаққиқони беҳтарини ҷаҳон шомил шуданд. Фаррух Шарофзода, корманди Маркази инноватсионии маҳсулоти табиии Чину Тоҷикистон дар Академияи милли илмҳои Тоҷикистон бууда,  мебошад. Корҳои ӯ дар соҳаи кимиёи растаниҳо ва метаболитҳои дуюмдараҷа аз ҷониби ҷомеаи байнулмилалӣ эътироф шуд.

Мақсуд Саидаминов роҳбари илмии «Canada Research Chair Tier II» дар самти «Маводи пешрафттаи корбурдӣ» ва профессори кафедраи кимиёи Донишгози Виктория дар Канада аст.

Ин рӯйхат  ҳамасола аз ҷониби Донигоҳи Стэнфорд таҳия мешавад.

Имсол занон ҳамр маъруфияти илми тоҷик саҳм доштанд. Моҳи июн чанд зани олими тоҷик дар Намоишгоҳи ихтирои занони Корея — KIWIE 2025 10 ҷоиза ба даст оварданд: 5 медали тилло, 2 нуқра ва 3 медали биринҷӣ.

Барои тарзу усули табобати бемориҳои музмини роҳҳои нафас Ганҷина Наврӯззода ҷоизаҳои тиллоӣ гирифт. Гуландом Каримзода низ барои методи нави табобати ҷароҳати даст ба ҷоизаи тилло сазовор дониста шуд.

Ҳамчунин занони олими дигари тоҷик дар соҳаи тиб Сафия Сайфиева ва Фариза Ҳалимова барои ихтирои тарзу усулҳои нави табобат медали тилло ва аз Пажуҳишгоҳи якуми муҳаққиқон ва ихтироъкорони Эрон ҷоизаи махсус гирифтанд.

Барои ихтирои шамъчаи хушбӯй ба Чаманоро Шозиёева, барои сарулибоси мактабӣ ба Заррина Мадалиева ва барои усули танзими сарбориҳо барои варзишгарон ба Зилола  Мавлонова ҷоизаҳои биринҷӣ тақдим шуданд.

Охири соли 2024 дар шаҳр Ослои Норвегия шарқшинос ва фарҳангшинос Мунира Шаҳидӣ таҳти унвони «Робитаҳои фарҳангии Шарқ ва Ғарб дар асри XXI» китоб ба нашр расонид. Дар он ӯ аз назарҳои адабӣ ва аҳаммияти тоҷикон ба сифати халқи бофарҳанг, босавод ва арҷгузор ба адабиёт маълумот медиҳад.

Китоб дар донишгоҳҳои ҷаҳон маъруфият пайдо карда, худи Мунира Шаҳидиро барои рӯнамоӣ ба Кембриҷ даъват каранд. Баъдан китоб дар макотиби олии Берлин, Прага, Лондон ва Самарқанд муаррифӣ шуд.

Оҳангсозони тоҷик  дар саҳнаҳои ҷаҳонСамир Абдураззоқов, пианинонавози маъруф аз Тоҷикистон имсол ба унвони «Young Steinway Artist» пешбарӣ шуд. Ин на танҳо ҷоизаи маъруф аст, балки Самир якумин тоҷик дар «Young Steinway Artist» дар Шветсия хоҳад буд. То ин дам Самир ба даври финалии озмуни «Unga Solister» дар Шветсия роҳ ёфта, аллакай чанд маротиба дар толорҳои гуногуни ҷаҳон консертҳо додааст.

Овозхони ҷавон Шоҳрух Юнусов имсол дар Амстердам ба муносибати ҷашни Истиқлолияти Тоҷикистон консерти шахсӣ барпо кард. Ӯ аввалин донишҷӯи тоҷик дар Консерваторияи Милан аст. 

Пианинонавози ҷавон ва боистеъдод Ҷаннат Ҳусейнзода дар консерт дар Амстердам ҳамроҳи Шоҳрух ҳунарнамоӣ кард. Қаблан ӯ дар Консерваторияи шоҳигарии Брюссел таҳсил када, дар синни 9-солагӣ дар озмуни шаҳрии пианинонавозони «San’at gunchalari» ғолиб омад.

Боз як ҳунари дигарСабрина Бобоева, машшота (ороишгари ҳусн) аз Тоҷикистон дар мусобиқоти байналмилалии ҳунари машшотагӣ, ки аз 20 то 23-юми ноябр дар шаҳри Сочии Русия баргузор шуд, сазовори ҷои дуввум ва соҳиби медали нуқра гардид. Дар ин мусобиқа зиёда аз 3 ҳазор нафар аз 45 кишвар ширкат карданд.

Ӯ дар ин мусобиқа маҳорати баланди ҳунармандӣ нишон дода, дар муқоиса ба дигар иштирокчиён малакаи хубтар нишон дод.

Сарчашма: asiaplustj.info
​​

Комментарии (0)

Оставить комментарий