< Риштарошонеме…! » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Риштарошонеме…!

Риштарошонеме…!
Риштарошонеме…!
Сарамро сарсарӣ матрош эй устои салмонӣ,
Ки мо ҳам дар диёри худ саре дорему сомоне.
Ҳар мӯйсафед ва ришдор метавонад хабис бошад ва ҳар навсол  ва кӯдаки ҷавонмард мондагор дар некиву созандагӣ. Ин тавр нест, ки ришро монда ҳама яксара оқил шаванд. Саллаву аммомаро  рӯйи сар гузошта ҳама саросар аломаву мулло гарданд. Таърихи на он қадар дури худи мо хилофи ин андеша амал мекунад. Дар зери ниқоби ришдарозон ва шиорпартоии мазҳабӣ чӣ қадар мардум дар таърихи 1400 сол шаҳид гашта? «Бузургӣ ба ақл аст, на ба сол», мегӯянд мардум дар урфият. Падарсолорони ин миллат, аз ҷумла Мавлонои ҷаҳоншумул, он Худовангори Балх наъра мезананд, ки:
Мо бурунро нангарему қолро,
Мо дарунро бингарему ҳолро.
Як марҳилаи басо ҳассос ва нозук рӯйоруйи ин миллат пеш омада, ки бояд ҳар тоҷики бовиқор ва вораста онро хуб ба андеша бигирад  ва роҳи ҳалли онро пешниҳод кунад. Дар ин марҳилаи буҳронӣ мо бояд чанд чизро ташхиси дақиқ кунем. Оё зоҳирпарастиро идома медиҳем ва дурӯғу ботилро аз дар меронем, ё пеши роҳи худ рост гуфта пеш меорем, ё бо заҳмату меҳнати шоқа ва шабонарӯзӣ, бо ҷоннисориву фидоигарӣ масири торики худро равшан месозем. 
Аз Ислом муллоҳои мо фақатро нақши девор ва зоҳирро ба мерос гирифта, боқӣ аз имон рӯй тофтаанд. Масъалаи аслӣ дар роҳи имон ба фикри камина, ин куштани нафси худ аст. Як мисол аз ҳаёти рӯзмарраам меоварам, ки то андозае масъала равшан шавад. Солҳои 90-уми асри пор ба водии Вахони Тоҷикистон сафар доштам. Чун ба деҳаи Вишмқалъа, ки мавзеи таърихист расидем бо исрори дӯстон  зиёрати   осорхонаи Сӯфӣ Муборакқадами Вахонӣ қадам ранҷа намудем, як эҳсоси ифтихор аз асолати Тоҷик манро фаро гирифт. Ин Сӯфии номӣ дар қаторе, ки дар соле 40 рӯз ба чилла меништа, боз тақвими Наврӯзӣ (санги сурохе,ки  бо айни санги ҳаммонанд дар қабати кӯҳ ҳамоҳанг аст  ва дар замони дар яквақт ба ин ду санг фуруд омадани офтоб Наврӯз фаро мерасад) ва аз биринҷ чопи коғазро низ ихтироъ кардааст. Бо тазкияи ботин бо худнисорӣ ба ин мартабаи бузург расидааст ва барои лаҷом задани нафси кабира пайваста ин ҳаким бо мубориза бо худ дар талош будааст. Аҳсан, ин аст, муллогарии олимона ва гар ин ихтироъкор ришаке ҳам монад ҳалолаш бод. 
Вале чун бармегардем ба имрӯзи худ, аҳли руҳониятеро мебинем, ки аксар бо ришҳои дарози бемаънӣ бо бесаводии саросарӣ арзишҳои биёбониро таҳмил мекунанд.Таклид дар либос, тақлид дар ҳарфҳои гуфта, дар роҳ рафтану вактҳои охир ҳамчун ҳосилшуда аз ин бемаънигӣ, пойбандӣ ба ҳувияти арабӣ. Дар деҳае баҳсе сари ҳувияти динӣ ва миллӣ сар зада, «эшоне» гӯшзад карда, ки мо тоҷик нестем, «ма сайдизодаам, хонадони аҳли нубувват». Маълум аст, ки дар паси ин ҳама ҳувиятфурӯшиҳо манфиати разилона ва боз ҳам нафс меистад. Ва соддаҳо боз умедворанд, ки аз хонадони шоҳигарии аҳли Сауд имтиёзаке ба худ бигиранд.Чи тавре ки ин эшонҳо аллакай дар Афғонистон созмоне доранд бо номи «Содот» ва ба араб будани худ аллакай меболанд. Ин кишвари ҳамсоя  барои мо як озмоишгоҳи маънавист, ки чи тавр амал накунем.          
Ин миллатро чӣ шуда, олимаш аз забонаш безор, насаби муллоҳояш ба араб мерасад, зиёиаш инфъиол. Дар сайри таҳаввулоти худӣ ё ба истилоҳ равони хештаншиносӣ мо ба ростӣ бояд амал кунем ва неруи фалсафаи худӣ, ин аст роҳи мо.
Карими Мирзо  

Комментарии (0)

Оставить комментарий