Дархости "Толибон"* аз ИМА: Моро аз рӯйхати террористон хориҷ кунед
Хайруллоҳ Хайрхоҳ, сарпарасти Вазорати иттилоот ва фарҳанги "Толибон"* дар мусоҳиба бо шабакаи "ал-Ҷазира"-и Қатар аз мақомоти ИМА дархост кард, то раҳбарони ин гурӯҳро аз рӯйхати террористон хориҷ кунанд.
"Ба амрикоиҳо лозим аст, ки нуқтаи назари худро дар бораи ворид кардани раҳбарони "Толибон"* ба рӯйхати террористон бознигарӣ кунанд", - гуфт ӯ.
Онҳо вуҷуди исмҳои моро дар ин рӯйхат ҳамчун фишор ба ҳукумати [муваққатии] Афғонистон истифода мебаранд. Мо аз онҳо хоҳиш мекунем, ки усулҳои дипломатиро риоя кунанд, зеро ба назари ман, ин дар оянда ба онҳо фоидае намерасонад.
Ба гуфтаи ӯ, Иёлоти Муттаҳида бояд ба "Толибон"* имкони хидмат ба мардуми худро диҳад.
"Аз амрикоиҳо мехоҳем, имконият диҳанд, ки ба мардуми худ хидмат кунем, ҳарчанд мо ва мардум мефаҳмем, ки дар баъзе маворид бархе аз кишварҳо нисбати мо комилан содиқ нестанд", - гуфтааст ӯ.
"Агар Иёлоти Муттаҳида "Толибон"*- ро аз ин рӯйхат хориҷ накунад, ба ин маънист, ки онҳо тааҳҳудоташонро иҷро намекунанд. Мо ҳама уҳдадориҳоямонро аллакай иҷро кардем ва ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳанӯз иҷро накардааст", - гуфтааст ин мақомдори толиб.
Ин мақоми "Толибон"* таъкид кардааст, ки дар хоки Афғонистон таҳдиди террористӣ вуҷуд надорад, ба вижа аз ҷониби ДИИШ (гурӯҳи террористии дар Русия ва Тоҷикистон мамнуъ):
"Танҳо ҳузури ДИИШ дар Афғонистон барои раҳбарияти пешини Афғонистон муфид буд", - гуфтааст Хайрхоҳ.
Ёдовар мешавем, шуморе аз раҳбарони "Толибон" дар феҳристи таҳримҳои байналмилалӣ ё дар рӯйхати террористон дар баъзе кишварҳо қарор доранд ва ИМА барои боздошти иддае аз онҳо маблағ низ пешниҳод кардааст.
Аввали моҳи август "Толибон"* ҳамлаҳои худро ба нерӯҳои давлатии Афғонистон афзоиш доданд. Рӯзи 15 август ҷангиён вориди Кобул шуданд ва ҳукумати қаблиро аз байн бурданд.
Президент Ашраф Ғанӣ бошад бо расидани ҷангиён аз кишвар фирор кард.
7 сентябр "Толибон"* рӯйхати аъзои ҳукумати нави Афғонистонро эълон карданд, аммо то кунун ҳеҷ кишваре онҳоро ба расмият нашинохтааст.
* - гурӯҳи террористии дар Русия ва Тоҷикистон мамнуъ.
Сарчашма:sputnik-tj.com
Комментарии (0)