< Толибон мехоҳанд дипломатҳои афғонро аз Русия бозхонд кунанд: сабаб » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Толибон мехоҳанд дипломатҳои афғонро аз Русия бозхонд кунанд: сабаб

Толибон мехоҳанд дипломатҳои афғонро аз Русия бозхонд кунанд: сабаб
Толибон мегӯянд, мумкин аст шуморе аз кормандони сафорати Афғонистон дар Маскавро бозхонд кунанд

Ҳаракати террористии "Толибон"*, ки қудратро дар Афғонистон ба даст овардааст, шояд кормандони сафорати ин кишвар дар Маскавро бозхонд кунад, хабар медиҳад ТАСС.

Сухангӯи ин ҷунбиш, муовини вазири иттилоот ва фарҳанг дар ҳукумати муваққатии ташкилкардаи ҷангиён Забеҳуллоҳ Муҷоҳид гуфт, ки кормандон вазифаи худро дуруст иҷро накардаанд.

"Мо масъалаи тағйири ҳайати дипломатиро баррасӣ хоҳем кард. Кормандоне, ки вазифаҳои худро дуруст иҷро намекунанд, метавонанд бозхонд шаванд ", - гуфт намояндаи "Толибон"*.

Ба гуфтаи ӯ, масъалаҳои тағйири кадрҳо бояд аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии ҳукумати ташкилкардаи ин гуруҳ ҳал шаванд.

Муҷоҳид ҳамчунин қайд кард, ки ҳоло муҳим аст, ки сафорати Афғонистон дар Маскав ва сафорати Русия дар Кобул дубора ба кори худ оғоз кунанд.

Илова бар ин, ӯ изҳори умедворӣ кард, ки Русия дар бозсозии Афғонистон, ки дар натиҷаи амалиёти ҷангӣ дар даҳсолаҳои охир зарар дидааст, ширкат хоҳад кард.

Ёдовар мешавем, қаблан сафири Афғонистон дар Тоҷикистон Муҳаммад Зоҳир Ағбар гуфта буд, ки ҳамаи 67 сафорати Афғонистон дар кишварҳои хориҷӣ ҳукумати "Толибон"* - эътироф намекунанд.

* - ҷунбиши "Толибон"* ҳамчун созмони террористӣ эътироф шудааст. Фаъолияти ӯ дар Русия ва Тоҷикистон мамнӯъ аст.

Комментарии (0)

Оставить комментарий