Манбаъ: Ширкати “Брешно” аз СММ дархости кумак кард
Ширкати барқрасонии “Брешно” аз намояндаи СММ дар Афғонистон барои пардохти қарзи 90 миллион доллариаш кумак хостааст. Дар ин бора ба хабаргузории "ТАСС" як манбаъ аз ин ширкат хабар додааст.
Ин ширкат ахиран дар як изҳорот эълом кард, ки қарзи Афғонистон аз кишварҳои ҳамсоя барои истифодаи қувваи барқ тақрибан 62 миллион долларро ташкил медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, бузургтарин қарзи ин ширкат беш аз 25 доллар дар назди Эрон, ин ширкат ҳамчунин аз Тоҷикистон ва Ӯзбекистон 11,2 миллион доллар ва 9,9 миллион доллар қарздор аст. Ин ширкат аз Туркаманистон низ ҳудуди 5,1 миллион доллар қарз оштааст.
Ин дар ҳолест, ки мақомоти Ӯзбекистон ва Тоҷикистон эълон карданд, ки новобаста аз мушкилиҳои ҷойдошта интиқоли барқро дар фасли зимистон ба ин кишвар қатъ намекунанд.
Сарчашма:sputnik-tj.com
Комментарии (0)