< Вокуниши роҳбари “Толибон”* ба тарошидан риш » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Вокуниши роҳбари “Толибон”* ба тарошидан риш

Вокуниши роҳбари “Толибон”* ба тарошидан риш
Шабакаи телвезионии TOLOnews хабар дод, ки дар вулусволиҳои Каписа, Ҳилманд ва Тахор номаҳое паҳн шуда буд, ки дар он тарошидани риш ва доштани телефонҳои комерадор назди занонро манъ мамнӯъ эълон шуда буд, Sputnik Афғонистон.

Комиссиюни фарҳангии Вазорати иттилоот ва фарҳанг дар посух ба паҳн шудани номаҳо дар бораи тарошидани риш ва мамнуоти рафтан бо телефони комерадор назди занон мегӯяд, ки ин номаҳо дидгоҳи расмии ҳукумати кунунӣ нестанд.

Сокинони маҳаллӣ дар Каписа мегӯянд, Комиссиюни даъват ва иршоди вулусволии Наҷроб рӯзи душанбе бо пахши як номае элон кард, ки ҷавонон муй ва риши худро ба муделҳои инглисӣ, амрикоӣ ва фаронсавӣ ислоҳ накуннд ва тарошидани риш гуноҳи кабира аст.

“Бар мо гуфта, ки риши худро тароши мисли модели инглисӣ ва амрикоӣ ҷур накунед, ва агар касе мекунад бо онон бархурд қонунӣ сурат мегирад”, - гуфт Олим, ки дар яке сартарошхонаи ноҳияи Наҷраби вилояти Каписа кор мекунад.

Яъне манзур аз ин иқтибос он аст, ки “Толибон”* гӯё риши суннатиро қабул дорад на он тарзе, ки амрикоиҳову инглисҳо риш мегузоранд.
Дар як номаи 16 моддаӣ бар иловаи манъи телефонҳои мобилӣ назди занон, маҳдудиятҳо барои хароҷоти тӯй вуҷуд навишта шудааст.

Саъдулло Солеҳӣ, хабарнигори маҳаллӣ дар ноҳияи Наҷраб гуфт: “Манъи тирпаррониҳои шодиёна ва масрафи газоф арӯсӣ бо истиқболи мардум Наҷроб рӯ ба рӯ шудааст”

Комиссиюни аршад ва даъвати вилоят ҳилманд ҳамчунон дар як нома ба сартарошхонаҳо дастур дода аст, ки аз тарошидани риш худдорӣ кунанд ва ҳушдор додааст, ки бо муттахолифин бархурд ҷиддӣ хоҳад шуд.

Пеш азт ин низ дар бораи тарошидани риш ба кормандони шаҳрдории Тахор ҳушдори мушобеҳ дода шуда буд. Аммо як узви комиссиюни фарҳангии Вазорати иттилоот ва фарҳанг ин номаҳоро рад кард ва гуфт, ки онҳо назари расмии ҳукумати феълӣ нестанд.

Энамулло Самангонӣ, узви Комиссиюни фарҳангии Вазорати иттилоот ва фарҳанг, гуфт: "Вазорати расман эълон кард, ки чунин изҳорот аз ҷониби онҳо паҳн нашр нашудааст, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн мешавад. Ин аз суроғаи расмии Аморати Исломии Афғонистон нест”.

Сайид Исҳоқ Гилонӣ, раҳбари Ҷунбиши Миллии Ҳамраъии Афғонистон, гуфт: "Ин ба Аморати исломӣ зарар мерасонад. Ин ҷаҳонро асабонӣ мекунад ва шинохти аморатро имконнопазир месозад”.

Маҳдудиятҳо дар кор ва таҳсилоти занон низ пас аз суқути ҳукумати пешин ҷорӣ карда шуданд. Аммо ҳукумати феълӣ мегӯяд, ки бо мурури замон барои занон низ таҳсил ва шароити кор фароҳам хоҳад шуд.

* - гурӯҳи террористӣ, ки дар қаламрави Тоҷикистону Русия маманӯъ аст


Комментарии (0)

Оставить комментарий