< Чӣ бояд хӯрду чиро пӯшид? Нашри қоидаҳои "Толибон"* » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Чӣ бояд хӯрду чиро пӯшид? Нашри қоидаҳои "Толибон"*

Чӣ бояд хӯрду чиро пӯшид? Нашри қоидаҳои "Толибон"*
Дар вилояти Каписо матни қоидаҳои муайянкардаи "Толибон"* нашр шудааст, ки аз 16 банд иборат буда, бисёри маҳдудиятҳо марбути занонанд

Комиссияи даъвати исломии ноҳияи Ниҷроби вилояти Каписо қавонини рафторро нашр кардааст, хабар дод шабакаи телеграми Sputnik Афғонистон.

Аз ҷумла барои занон ороиши мӯйи сар бо шеваҳои "амрикоӣ" ва "фаронсавӣ" мамнӯъ буда, рафтан ба меҳмонӣ, вуруд ба нақлиёт ва намоз будуни ҳиҷоб манъ аст. Дар сурати нақзи ин қоидаҳо, намояндагони зан, аз ҷумла падар, модар ва бародараш муҷозот хоҳанд шуд.

Доштани телефон бо дастгоҳи наворбардорӣ барои бонувон манъ шуда, сабти фаҳш дар телефон барои ҳеч кас иҷозат нест.

Имомони масҷид муваззаф гардидаанд, ки моҳияти фармудаҳои Қуръону суннатро дар мавриди ҳиҷобу ҷиҳод ба мардум расонанд ва афродеро, ки намоз намехонанд, бояд рӯйхат кунанд.

Инчунин риштарошии мардон, додани туҳфа дар ҷашнҳо, аз қабили тӯй, Соли нав ва Иди Қурбон низ мамнуъ гардидааст.

Дар феҳраст инчунин аз манъи тирпарронӣ дар тӯй зикр шуда, ғизои асосӣ дар ҷашнҳои арӯсӣ нону биринҷ муқаррар гардидааст.

Барои домод харидани тилло барои арӯс иҷозат буда, таъкид шудааст, ки андозаи маҳрро сокинони маҳаллӣ ва руҳониён муайян мекунанд.

Ҳукумат дар Афғонистонро созмони "Толибон"* моҳи августи соли равон дар пасманзари хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз ин кишвар ғасб карда, эълон намуд, ки аморати исломӣ ташкил мекунад. Нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон таҳти роҳбарии Аҳмад Масъуд эълон карданд, ки мубориза барои як давлати исломии муътадил бо риояи мардумсолорӣ ва ҳуқуқи инсон, аз ҷумла ҳуқуқи занро идома хоҳанд дод.

* - созмони террористии мамнуъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар

Комментарии (0)

Оставить комментарий