< Охирин хабарҳо аз Панҷшер: "аз Душанбе силоҳ нагирифтаем" » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Охирин хабарҳо аз Панҷшер: "аз Душанбе силоҳ нагирифтаем"

Охирин хабарҳо аз Панҷшер: "аз Душанбе силоҳ нагирифтаем"
Ҷабҳаи муқовимат, ҳаммаслакони Аҳмади Масъуд гирифтани силоҳ ва ҳама гуна кӯмакро тариқи Душанбе рад карданд

Як манбаъ аз ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон дар суҳбат иттилои роҳандозии ҳаракати ҳавоӣ бо Тоҷикистонро рад кард.

"Ҳаракати ҳавоӣ байни Тоҷикистон ва Панҷшер роҳандозӣ нашудааст", - гуфт намояндаи ҷабҳа.

Вай афзуд, ки Панҷшер феълан бо ягон давлат иртиботҳои ҳавоӣ надорад.

Бино бар хабарҳои охирин, ягона вилояти озод аз Толибон (ҳаракати мамнӯъ дар Тоҷикистон ва Русия) дар муҳосираи ҷангиён аст. Дар ҳамин ҳол, ҳарду ҷониб ҳам изҳор медоранд, ки омодаи гуфтушуниданд.

Пештар бархе аз расонаҳо хабар доданд, ки ба Панҷшер аз Душанбе силоҳ расонида шуд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий