< Такзиби таслими Масъуд ба Толибон*: Бисмиллоҳхон мегӯяд, Панҷшер авиатсия мегирад » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Такзиби таслими Масъуд ба Толибон*: Бисмиллоҳхон мегӯяд, Панҷшер авиатсия мегирад

Такзиби таслими Масъуд ба Толибон*: Бисмиллоҳхон мегӯяд, Панҷшер авиатсия мегирад
Хабари таслим ва байъати Аҳмад Масъуд, роҳбари ҳаракати муқовимат дар Панҷшер ба гуруҳи террористии Толибон* такзиб шуд

Иддаои аъзои Толибон* дар мавриди таслими Аҳмад Масъуд бепояанд, изҳор дошт яке аз наздикони роҳбари муқовимат дар суҳбат.

Ба иттилои манбаъ, танҳо музокирот бо Толибон* дар мавриди шеваи давлатдории оянда ва ҳукумат ҷараён дорад, ки бояд ҳамашумул бошад. Дар меҳвари талаботи нерӯҳои Панҷшер, ё худ муқовимати миллии Афғонистон ғайримутамарказ кардани Ҳукумат аст, ки дар он набояд як гуруҳ сарнавишти мардумро муайян кунанд. Таъкид мешавад, ки нерӯҳои муқовимат ҷонибдори давлати исломии муътадил мебошанд. Феълан созише ҳосил нашудааст.

Қаблан аз қавли Халил Раҳмон Ҳаққонӣ хабарҳо нашр шуданд, ки Аҳмад Масъуд ба Амороти эълонкардаи Толибон* байъат карду мавриди афв қарор гирифт.

Дар ҳамин ҳол Herat Times бо такя ба Бисмиллоҳхон Муҳаммадӣ, вазири дифои ҳукумати Ашраф Ғанӣ хабар додааст, ки ба зери фармондеҳии Аҳмад Масъуд нерӯҳои ҳавоӣ – авиатсия гузашта истодааст. Дар мавриди он ки ин чигуна навъи авиатсия асту аз куҷо ба зери фармондеҳии Масъуд гузашта истодааст, иттилое ироа нагардидааст. Қаблан аз фирори бархе халабонҳою низомиён ба Ӯзбекистон ва Тоҷикистон хабар дода шуда буд.

Феълан Панҷшер ягона вилояти берун аз тасаллути Толибон* мебошад, ки дар он нерӯҳои зиддитолиб ҷамъ омада, азми муқовимат доранд. Толибон* дар навбати худ изҳор доштаанд, ки мехоҳанд қазияи Панҷшер бо роҳи мусолиматомез ҳал гардад.

*созмони террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар

Комментарии (0)

Оставить комментарий