< Коронавирус дар Афғонистон: мақомот маҳдудиятҳоро дар Кобул тамдид кард » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Коронавирус дар Афғонистон: мақомот маҳдудиятҳоро дар Кобул тамдид кард

Коронавирус дар Афғонистон: мақомот маҳдудиятҳоро дар Кобул тамдид кард
Мақомоти Афғонистон ба хотири афзоиши шумори афроди олуда ба коронавирус дар кишвар, барои пешгирӣ аз паҳншавии ин вирус маҳдудиятҳоро дар шаҳри Кобул тамдид кард

 Ба гузориши радиои Садои Хуросон, давлати Афғонистон ахиран эълом кардааст, ки ба хотири ҷилавгирӣ аз густариши коронавирус, мамнуъияти равуо дар Кобул то поёни моҳи мубораки Рамазон тамдид шудааст.

Ин севумин бор аст, ки муддати замони маҳдудияти равуо дар шаҳри Кобул тамдид мешавад.

Вазорати кишвари Афғонистон низ чанде қабл эълом карда буд, ки маҳдудиятҳои равуо дар шаҳри Кобул шиддат хоҳад гирифт.

Дар ҳамин ҳол Вазорати беҳдошт ва дармони Афғонистон ахиран эълом кард, ки шумори афроди олуда ба вируси корона дар ин кишвар ба ҳудуди  2500 нафар расидааст.

Бар асоси гузоришҳо, шумори қурбониёни корона дар Афғонистон ҳам ба 72 нафар афзоиш ёфтааст.

Комментарии (0)

Оставить комментарий