Охирин омор: Гирифторони коронавирус дар ҷаҳон ба 3 миллион наздик шуд

Шумори мубталоёни коронавирус дар сартосари ҷаҳон бино бар оморҳои субҳи имрӯз наздик ба се миллион нафар шудааст
Бино ба омори ахире, ки аз суи Донишгоҳи Ҷон Хопкинси ИМА чанд дақиқаи пеш нашр шуд шумори мубталоёни коронавирус дар ҷаҳон ба 2 миллиону 971 ҳазору 669 нафар расидааст.
Аз рӯи омори сироятёфтагон ва фавтидагон Амрико, Испания ва Италия ҳануз дар ҷойи авваланд. Чин, ки маркази пайдоиши ин беморӣ буд, аз рӯйи сироятёбӣ дар зинаи нуҳум қарор гирифт. Эрон дар ҷойи ҳаштум ва Русия дар зинаи 10 қарор дорад.
Ба даҳгонаи кишварҳое, ки дар онҳо теъдоди зиёди гирифторони коронавирус ба қайд гирифта шудааст, ИМА (985 027 нафар), Испания (219 764), Италия (197 675), Олмон (157 770), Британияи Кабир (152 840), Фаронса (124 575), Туркия (110 130) , Эрон (90 481), Чин (84 338), ва Русия (80 949) дохил мешаванд.
Шумори шифоёфтагон аз ҳама бештар дар ИМА – 109 212, Чин — 77 346 нафар, Испания – 98 732, 103 023 – 58 112, Эрон – 69 657, Италия – 64 928, Фаронса – 28 805, Швейтсария – 21 800, Бразилия – 30 152 ва Канада – 17 321нафар мебошанд.
Ба қатори давлатҳое, ки дар онҳо теъдоди зиёди ҳолатҳои фавт ба қайд гирифта шудааст, ИМА (55 383), Италия (26 644 нафар), Испания (23 190), Фаронса (22 856), Британияи Кабир (20 732), Эрон (5 710), Чин (4 642), Олмон (5 976), Нидерланд (4 475) ва Белгия (7 094) дохил мешаванд.
Комментарии (0)