< Даҳҳо корманди дастгоҳи раисҷумҳури Афғонистон гирифтори коронавриус шудааст » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Даҳҳо корманди дастгоҳи раисҷумҳури Афғонистон гирифтори коронавриус шудааст

Даҳҳо корманди дастгоҳи раисҷумҳури Афғонистон гирифтори коронавриус шудааст
Ба иттилои бархе аз расонаҳо то бист нафар аз кормандони кохи раёсати ҷумҳурии Афғонистон ба коронавриус гирифтор шудаанд

Як мақоми  давлатии Афғонистон, ки аз ифшои номаш худдорӣ кардааст  хабар дод, ки ҳудуди 20 нафар дар кохи раёсати ҷумҳурӣ ба коронавирус мубтало шудаанд, аммо ин масъала пинҳон нигаҳ дошта шуда, то ваҳшат эҷод накуна, иттилоъ додааст Садои Хуросон, дар истинод ба хабаргузории Фаронса.

Бино бар иттилои манбаъ, як мақоми дигари афғон ин рақамро таъйид карда, гуфт, ки 12 нафар аз аъзои дафтари иҷроии раиси ҷумҳурӣ низ ба корона гирифтор шудаанд.

Сиддиқ Сиддиқӣ, сухангӯи раиси ҷумҳурӣ аз изҳори назар дар ин бора худдорӣ кард.

Ашраф Ғанӣ 70 сол син дорад ва ба тозагӣ даври дувуми раёсати ҷумҳурии худро оғоз кардааст.

Имрӯзҳо дар пойтахти Афғонистон маҳдудиятҳое барои муқобила бо корона ба иҷро гузошта шуда ва ҳама ниҳодҳои давлатӣ таътил шудааст.

Бар асоси оморҳои расмӣ то кунун 933 нафар дар Афғонистон ба корона мубтало гашта ва 33 нафар низ ҷон бохтаанд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий