< Сабти 228 ҳолати нави сироятшавӣ дар як шабонарӯз: 1264 дардманди коронавирус дар Русия » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Сабти 228 ҳолати нави сироятшавӣ дар як шабонарӯз: 1264 дардманди коронавирус дар Русия

Сабти 228 ҳолати нави сироятшавӣ дар як шабонарӯз: 1264 дардманди коронавирус дар Русия
Дар Федератсияи Русия давоми як шабонарӯз 228 ҳолати нави сироятшавӣ ба маризии коронавирус сабт гардидааст

Ҳолатҳои нави мубталошавӣ ба ин маризӣ дар 26 монотиқи Федератсияи Русия ба қайд гирифта шудааст, ки 114 ҳолати он ба шаҳри Маскав рост меояд.

Бар хабари ситоди фаврии мубориза бо коронавирус, теъдоди умумии дардмандони ин беморӣ дар Русия ба 1264 нафар расидааст.

Дар ҳамин ҳол, ситоди фаврӣ аз шифо ёфтани 4 нафар дар як шабонарӯз хабар додааст, ки ду мариз дар вилояти Твер ва як нафарӣ дар Самара ва Томс бар ин маризӣ дастболо шуданд.

Қобили зикр аст, ки рӯзи 11 – уми март Созмони ҷаҳонии беҳдошт, маризии сироятии коронавирусро пандемия эълон кард. Бар хабари ин созмон, дар ҷаҳон аллакай 510 ҳазор нафар мубталои коронавирус гардида, 23,5 ҳазор бемор фавтиданд.

Зимнан, дар Русия сар аз 30 – юми апрел то 5 – уми март қарантин эълон шуда, аз шаҳрвандон дархост шудааст, ки аз манзилҳои худ берун набароянд. Баргузории ҳаргуна чорабиниҳои фароғатӣ манъ буда, танҳо мағозаҳои хӯрокворӣ ва дорухонаҳо фаъолият мекунанд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий