< Ҳамагиршинос гуфт, кай фаъолнокии коронавирус паст мешавад » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Ҳамагиршинос гуфт, кай фаъолнокии коронавирус паст мешавад

Ҳамагиршинос гуфт, кай фаъолнокии коронавирус паст мешавад
Бино ба гуфти ҳамагиршинос (эпидемиолог) коронавирус пурра аз байн намеравад, чун дар ҷаҳон густурда паҳн шудааст

 Фаъолнокии коронавирус авохири фасли баҳор якбора паст мешавад, мегӯяд мудири кафедраи эпидемиологияи Донишгоҳи Маскави ба номи И.М Сеченов, ҳамагиршиноси асосии Вазорати тандурустии Русия Николай Брико.

Бино ба гуфти ҳамагиршинос, коронавирус пурра аз байн намеравад, чун дар ҷаҳон густурда паҳн шудааст.

Коршисон бо пешгӯии ҳамтоёнаш оиди дар оянда сироят шудани 60-70 дарсади мардуми сайёра, розӣ нест.

Брико бар ин аст, ки чунин омор хоси Асрҳои миёна аст. Дар замони муосир ҳамагиршиносӣ хеле пеш рафтааст, ки даст медиҳад коронавирусро мағлуб созад, хулоса кард коршинос.

Пандемияи коронавирус

Зуҳури коронавирус авохири моҳи декабри соли 2019 дар Вуҳани Чин ба қайд гирифта шуду дарҳол дар дигар кишварҳо паҳн шуд.

Миёнаҳои моҳи март Созмони ҷаҳонии беҳдошт коронавирусро пандемия эълон кард.

Бино ба гузориши СҶБ то рӯзи 23 март дар 192 кишвари ҷаҳон беш аз 350,6 ҳазор кас гирифтори коронавирус шудааст. Беш аз 15,3 ҳазор бемор фавтида ва наздики 100 ҳазор кас шифо ёфтааст.

Комментарии (0)

Оставить комментарий