< Изҳороти вазири беҳдошти Қазоқистон пас аз ошкоршавии ду дардманди коронавирус » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Изҳороти вазири беҳдошти Қазоқистон пас аз ошкоршавии ду дардманди коронавирус

Изҳороти вазири беҳдошти Қазоқистон пас аз ошкоршавии ду дардманди коронавирус
Ду дардманди маризии коронавирус дар Алмато аз Олмон ворид шудаанд. Ҳар ду аз гирифторон на дар як ҳавопаймо, балки дар вақтҳои гуногун озими кишвар гардидаанд

Вазири тандурустии Қазоқистон Елжан Биртанов дар робита ба зуҳури коронавирус дар ин кишвар гуфт, ки ҳоло зарурати ҷорӣ кардани вазъи фавқулода вуҷуд надорад.

"Феълан ҷорӣ кардани ҳолати изтирориро роҳбарои мақомоти қудратӣ, ҳокимони ноҳияҳо баррасӣ доранд. Алъон дар робита ба ошкор кардани ду мавриди гирифторӣ ба коронавирус, зарурати ҷорӣ кардани вазъи фавқулода вуҷуд надорад. Аммо дар сурати афзун шудани теъдоди маризон, эҳтимол дар Қазоқистон вазъи изтирорӣ эълон шавад", - афзудаст Биртанов.

Зимнан, вазири беҳдошт аз тамоми шаҳрвандон даъват ба амал овардаст, ки аз иштирок дар чорабиниҳои оммавӣ худдорӣ кунанд.

Дар робита ба зуҳури ин маризӣ дар Қазоқистон тадобири пешгирикунанда боз ҳам пурзӯртар хоҳад шуд.

Елжан Биртанов, вазири тандурустии Қазоқистон гуфтааст, натиҷаи санҷиши ду сокини кишвараш, ки аз Германия омадаанд  мусбат баромадааст.

Ба иттилои манбаъ онҳоро дар озмоишгоҳе дар Алма-Ато санҷидаанд.

Гуфта мешавад дар ҳоли ҳозир ҳаммаи тадбирҳо барои ҷудогона нигоҳдории онҳо андешида шуда, вазъи саломатии беморон дар ҳоли ҳозир мӯътадил аст.

Ин нахустин ҳолати гирифтории коронавирус дар кишварҳои Осиёи Марказӣ мебошад.

Комментарии (0)

Оставить комментарий