< Фармони раисҷумҳур: тамоми муассисаҳои давлатӣ дар интернет сомона таъсис диҳанд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Фармони раисҷумҳур: тамоми муассисаҳои давлатӣ дар интернет сомона таъсис диҳанд

Фармони раисҷумҳур: тамоми муассисаҳои давлатӣ дар интернет сомона таъсис диҳанд
Роҳбари Туркманистон ба вазирон, сардорони вилоятҳо, шаҳрдори Ишқобод, муассисаҳои давлатӣ, роҳбарони корхонаву ташкилотҳо ва соҳибкорони инфиродӣ дастур додааст, ташкили низоми ҳуҷҷатгузории электронӣ ва таъсиси сомонаҳо дар интернетро таъмин намоянд

Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раисҷумҳури Туркманистон ба тамоми муассисаҳои давлатӣ дастур додааст, ки то охири соли 2020 ба ҳуҷҷатгузории электронӣ гузаранду дар интернет сомонаи расмӣ таъсис диҳанд, иттилоъ додааст рӯзномаи "Нейтральный Туркменистан".

Қарори мазкурро дар ин бора роҳбари Туркманистон зимни маҷлиси ҳукумат, ки тариқи алоқаи видеоӣ сурат гирифт ба имзо расонд.

“Санади мазкур вазирон, сардорони вилоятҳо, шаҳрдори Ишқобод, муассисаҳои давлатӣ, роҳбарони корхонаву ташкилотҳо ва соҳибкорони инфиродӣ вазифадор мекунад, ки низоми ҳуҷҷатгузории электронӣ ташкил намоянд ва дар фазои интернет сомона таъсис диҳанд”
Тибқи қарори раисҷумҳур корҳо дар ин самт бояд моҳи марти соли равон оғоз ёбад ва дар моҳи январи соли 2021 ба анҷом расад.

Комментарии (0)

Оставить комментарий