Арабистони Саудӣ бинобар коронавирус вуруди зоиронро муваққатан манъ кард

Арабистони Саудӣ рӯзи панҷшанбеи 26-уми феврал ба хотири пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус, ба таври муваққатӣ вуруди афрод ба ин кишварро барои адои Ҳаҷҷи умра ва зиёрати Масҷиди паёмбар, манъ кард.
Ба гузориши хабаргузории "Рейтерз", Вазорати умури хориҷии Арабистони Саудӣ бо нашри як паём дар "Твиттер", ҳамчунин вуруди афрод бо визаи сайёҳӣ аз кишварҳоеро, ки ҳамакнун вируси корона дар онҳо таҳдид ба шумор меравад, мамнӯъ кард.
Вазорати умури хориҷии Арабистони Саудӣ айни замон аз шаҳрвандони худ хостааст, ба кишварҳое, ки ҳамакнун вируси корона дар онҷо паҳн шудааст, сафар накунанд.
Кишвари Арабистони Саудӣ, ки Макка ва Мадина -- ду макони муқаддас барои мусалмонон дар он ҷойгир ҳастанд, ҳамасола мизбони миллионҳо мусалмон аст ва авҷи сафари онҳо ба мавсими Ҳаҷҷ рост меояд. Саудӣ соли гузашта барои 49 кишвар визаи нави сайёҳи пешниҳод кард.
Ҳарчанд Вазорати умури хориҷии Арабистони Саудӣ гуфт, ки ин тадбир муваққатист, аммо замони муайяне барои поёни он таъйин накард. Ҳоло маълум нест, мавсими Ҳаҷҷ, ки дар авохири моҳи июл оғоз мешавад, таҳти таъсири паҳншавии коронавирус қарор хоҳад гирифт ё на.
Дар подшоҳии Арабистони Саудӣ то ҳанӯз ҳолати гирифторӣ ба коронавирус сабт нашудааст, аммо дар шуморе аз кишварҳои ҳамсояи он, аз ҷумла Кувейт, Ироқ, Баҳрайн, Имороти Муттаҳидаи Араб ва Эрон ин беморӣ паҳн шудааст.
Ҳамасола аз Тоҷикистон ҳам ҳазорҳо нафар ба Арабистони Саудӣ ба зиёрати ҷойҳои муқаддас сафар мекунанд. Аз ҷумла, соли гузашта аз Тоҷикистон ҳудуди 6 ҳазор нафар ба ҳаҷ рафтанд. Дар мавсими ғайри ҳаҷ ҳам садҳо шаҳрвандони Тоҷикистон барои Ҳаҷҷи умра ба Арабистони Саудӣ сафар мекунанд.
Оморҳои ахир нишон медиҳад, ки шумораи гирифторшудагон ба вируси нав дар тамоми ҷаҳон аз 81 ҳазор нафар бештар шудааст ва беш аз 2700 тан ҷон бохтаанд. Ин вирус соли гузашта дар шаҳри Вуҳани Чин пайдо шуд ва аз он вақт то ба ҳол дар ҳудуди 40 кишвари дунё паҳн шудааст.
Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ аз кишварҳои ҷаҳон даъват кард, ки ба "пандемияи имконпазир" ё гирифторшавии фарогири вирус, омода бошанд. Ин созмон дар гузориши ахири худ гуфтааст, гирифторшавӣ ба вируси нав берун аз Чин асосан дар кишварҳои Эрон, Кореяи Ҷанубӣ ва Итолиё зиёд ба қайд гирифта шудааст.
Комментарии (0)