< 20 миллион чинӣ барои раҳоӣ ёфтан аз коронавирус Исломро қабул карданд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

20 миллион чинӣ барои раҳоӣ ёфтан аз коронавирус Исломро қабул карданд

20 миллион чинӣ барои раҳоӣ ёфтан аз коронавирус Исломро қабул карданд
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе пайдо гардид, ки дар он чандин нафар бо қиёфаҳои монанд ба хитоиҳо калимаи шаҳодатро такрор намуда, дини Исломро қабул мекунанд.

Дар шарҳи навор гуфта мешавад, ки нафарони дар наворбуда сокинони Чин буда, ба хотири ба коронавирус гирифтон нашуданашон дини Исломро қабул мекунанд.

Инчунин дар шарҳ қайд карда шудааст, ки таъдоди ба Ислом гаравидани чиниҳо ҳудуди 20 миллионро ташкил медиҳад ва онҳо бар он ақида ҳастанд, ки коронавирус ба мусалмонҳо таъсир расонида наметавонад.

Дар бораи то кадом андоза ҳақиқат доштани навори мазкур ба мавзӯи коронавирус маълумоти аниқ дода нашудааст.

Комментарии (0)

Оставить комментарий