< Коронавирус то ба Эрон расид: мақомот аз мубтало гардидани ду нафар хабар доданд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Коронавирус то ба Эрон расид: мақомот аз мубтало гардидани ду нафар хабар доданд

Коронавирус то ба Эрон расид: мақомот аз мубтало гардидани ду нафар хабар доданд
Мақомоти Эрон тасдиқ намуданд, ки дар қаламрави ин кишвар ду нафар аз маризии сироятии коронавирус дардманд шуданд

Дар Эрон ду нафари мубтало ба маризии коронавирус ошкор гардиданд, иттилоъ медиҳад хабаргузории нимарасмии ин кишвар  ISNA.

Манбаъ аз гирифтории ду нафар ба маризии "вируси тоҷдор" дар Эрон хабар додаст, вале дақиқан тавзеҳ надодааст, ки мубталоёни ин беморӣ шаҳрвандони Эрон ҳастанд ё ғайр.

"Дар ду рӯзи ахир, дар вилояти Қуми Эрон ду нафар ба маризии сироятии коронавирус гирифтор шудаанд", - изҳор доштаст Киёнуш Ҷаҳонпур корманди равобити ҷамъиятии Вазорати беҳдошти Эрон.

Бо вуҷуди он ки, феълан дар вилояти мазкур кормандони тиб даст ба коранд, Киёнуш Ҷаҳонпур ба сокинони вилояти Қум ҳушдор додааст, ки аз эҳтиёт кор бигиранд ва аз ҳузур дар маконҳои серодам худдорӣ кунанд ва ба оддитарин қоидаҳои гигиенӣ боаҳамият бошанд.

Созмони ҷаҳонии беҳдошт дар робита ба хуруҷи маризии сироятии коронавирус вазъи фавқулода эълон кард ва феълан ин маризӣ дар 25 кишвари қора доман паҳн намудаст.

Бар тибқи маълумоти ахир, теъдоди қурбониёни бемории "вируси тоҷдор" марзи 74 ҳазор нафарро убур кардааст.

Комментарии (0)

Оставить комментарий