Боздошти яке аз раҳбарони ДОИШ дар Ироқ

Хадамоти вижаи Ироқ аз боздошт шудани яке аз раҳбарони бахши амнияти ДОИШ (мамнӯъшуда дар Тоҷикистон), хабар дод
Яке аз раҳбарони гурӯҳи террористии Давлати Исломӣ дар шаҳри Фаллуҷаи Ироқ боздошт шудааст, хабар медиҳад Саридораи мубориза бар зидди терроризми Ироқ.
Бино ба гуфти манбаъ, раҳбари боздоштшуда амнияти дохилии гурӯҳро дар Фаллуҷа таъмин мекардааст.
Ин амалиёти боздошт пас аз дастгир шудани террористон дар Ал-Халди баргузор шудааст.
Маълумоти дар паи бозпурсӣ ба даст омада, барои дарёфти дигар аъзоёни гурӯҳ кумак кард.
Мақомоти вижаи Ироқ дар давоми моҳи январ чандин аъзоёни гурӯҳи тундрави Давлати Исломиро боздошт карданд.
Моҳи декабри соли 2019 намояндаи Ожонси мубориза бар зидди терроризм Саббоҳ ал-Нумон қайд кард, ки ДОИШ ба амнияти дохилии кишвар таҳдид намекунад.
Комментарии (0)