< "Толибон" ба Амрико сулҳ пешниҳод кард » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

"Толибон" ба Амрико сулҳ пешниҳод кард

"Толибон" ба Амрико сулҳ пешниҳод кард
Ҳаракати "Толибон" дар Афғонистон ба намояндаи ИМА дар ин кишвар пешниҳоди оштии муваққатӣ равон карданд

 Ҳаракати "Толибон" ба намояндагони ИМА пешниҳоди оштӣ ирсол карданд, хабар медиҳанд Associated Press.

Онҳо ба намояндаи Амрико Залмай Халилзод, ҳуҷҷатеро дар бораи эълом кардани оташбаси муваққатӣ дар Афғонистон пешниҳод кардаанд.
Толибон аз амрикоиҳо 7-10 рӯзи сулҳ хостаанд.

Ин пешниҳод чун имконияти ифтитоҳи даричаи созишномаи сулҳ дар Афғонистон, ки ба Амрико имконият медиҳад, қӯшқнҳояшро аз хоки Афғонистон берун барорад ва ба ҷанги 18-сола хотима бахшад, арзёбӣ мешавад.

Феълан маълум нест, ин пешниҳоди "Толибон" барои эҳёи гуфтушунидҳои оштиовар басанда аст ё на.
 
Ёдовар мешавем, пештар гуфтушунидҳои тӯлонии фиристодаи Амрико бино бар анҷоми чанд ҳамла аз ҷониби толибон дар Кобул ва дигар шаҳрҳо қатъ карда шуд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий