< Суқути ҳавопаймои мусофирбар дар Алмаато: 14 кас ҳалок шуд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Суқути ҳавопаймои мусофирбар дар Алмаато: 14 кас ҳалок шуд

Суқути ҳавопаймои мусофирбар дар Алмаато: 14 кас ҳалок шуд
Дар Алмаато ҳавопаймои мусофирбар суқут кард. Бино ба маълумоти пешакӣ дар паи ин ҳодиса чордаҳ кас ҷон бохт

Дар Алмаатои Қазоқистон ҳавопаймои мусофирбари ширкати "Бек Эйр" суқут кард, хабар медиҳад Sputnik Қазоқистон бо истинод ба Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода.

"Имрӯз ҳавопаймои ширкати "Бек эйр", ки тариқи хатсайри 2100 Алмаато-Нурсултон, соати 7:05 парвоз кард, аз радар ғайб зад. Дар дохили ҳавопаймо 95 мусофир ва 5 сарнишин воқеъ буданд", - омадааст дар хабарнома аз фурудгоҳи Алмаато.

Тибқи иттилои манбаъ, дар паи ин ҳодисаи нохуш 14 кас ҷон бохтааст.

Комментарии (0)

Оставить комментарий