< Пешгирӣ аз ҳамлаи интиҳорӣ дар Афғонистон: 11 ҷангӣ ва ду фармондеҳ кушта шуданд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Пешгирӣ аз ҳамлаи интиҳорӣ дар Афғонистон: 11 ҷангӣ ва ду фармондеҳ кушта шуданд

Пешгирӣ аз ҳамлаи интиҳорӣ дар Афғонистон: 11 ҷангӣ ва ду фармондеҳ кушта шуданд
Дар шимоли Афғонистон дар наздикии марз бо Тоҷикистон задухӯрди мусаллаҳонаи ҷангиёни Толибон ва мақомоти амнияти ин кишвар сар дод

Ҷангиёни Толибон дар манотиқи Сари Пули Афғонистон аз ҷониби низомиёни афғон маҳв гардиданд, хабар медиҳад Tolo News

Гуфта мешвад, Толибон ҳадаф доштанд бо мошини ҳомили маводи тарканда вориди шаҳр шаванд, вале онҳоро мақомоти қурдатӣ дар манотиқи Сари Пул безарар гардонданд.

Зикр мегардад, ки аснои задухӯрд маводи тарканда мунфаҷир шуд ва ҳамаи ҷангиён ба ҳалокат расиданд. Бар асари ин ҳодиса ҳамчунин  13 афроди мулкӣ бо шумули кӯдакон ҷароҳатдор шуданд.

Хабаргузории "Интерфакс" ҳамчунин аз як задухӯрди Толибон бо мақомоти амниятӣ дар марзи Тоҷикистон хабар медиҳад. ҳодиса дар гузаргоҳи Дарқад рух дода, бар асари он ду фармондеҳи Толибон Қорӣ Қодир ва Қаҳрамон бо ҳамроҳии 11 ҷангии дигар кушта шуданд.

Гуфта мешавад, дар ин даргирӣ як низомии афғон ба ҳалокат ва 6 тани дигар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштанд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий