< Боздошти зане, ки барои қонеъ кунонии нафси шаҳвонӣ то 500 сомонӣ мегирифт » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Боздошти зане, ки барои қонеъ кунонии нафси шаҳвонӣ то 500 сомонӣ мегирифт

Боздошти зане, ки барои қонеъ кунонии нафси шаҳвонӣ то 500 сомонӣ мегирифт


Зани 21-сола дар Душанбе сокинони пойтахтро бо ҳам шинос карда барои қонеъ намудани нафси шаҳвониашон аз онҳо 500-сомонӣ мегирифтааст

Дафтари матбуотии Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон аз даллагии як зани 21 сола хабар додааст.

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия зани 21-солаи сокини пойтахтро бо гумони даллагӣ дастгир намуданд.

Номбурда, 8 июли соли 2019, дар кӯчаи Н.Қарабоеви шаҳри Душанбе шаҳрвандон: марди 30-сола ва зани 24-солаи сокинони пойтахтро барои қонеъ намудани нафси шаҳвониашон шинос намуда, аз онҳо 500-сомонӣ гирифтааст.

Худи ӯ, 8-уми июли соли 2019, дар кӯчаи Н.Қарабоеви пойтахт шаҳрвандон: ҷавони 21-солаи сокини шаҳри Душанбе ва зани 23-солаи сокини ш.Норакро барои қонеъ намудани нафси шаҳвониашон шинос намуда, аз онҳо 400-сомонӣ гирифтааст.

Оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот давом дорад.

Ёдовар мешавем, ки дирӯз кормандони милитсияи шаҳри Душанбе дигар зани 21-солаи сокини кӯчаи Айнии пойтахтро бо гумони даллагӣ дастгир намуда буданд.

Номбурда, 8 июли соли равон, марди 29-сола ва зани 28-солаи сокинони шаҳри Душанберо барои қонеъ намудани нафси шаҳвониашон шинос намуда, аз онҳо 1600-сомонӣ мукофотпулӣ гирифтааст.

Тавре ВКД қайд намудааст, нисбати ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, корҳои тафтишотӣ дар ин самт идома дорад.

Сарчашма: sputnik-tj.com 

Комментарии (0)

Оставить комментарий