Вазъи солимии Осияи 6-сола рӯ ба беҳбудӣ овард
Зубайдов, илова кард, ки:
- Осия ҳоло хуб суҳбат мекунад ва саломатиаш низ беҳтар аст. Ба назди бемор танҳо модар ва янгаи ӯ медарояду халос. Дар мавриди ба аёдати Осия омадани наздикони ноболиғони гумонбар маълумоте надорам, чун ба ҳуҷраи бемор даромадан манъ аст. Шояд волидони ноболиғон ба назди падару модари Осия омада бошанд.
Ёдрас мешавем, ки ҳодиса рӯзи 19-июни соли равон рух додт. Се наврас хонандагони яке аз мактабҳои ҷамоати Чорякарони ноҳияи Рӯдакӣ буда, Осияро баста, ба либосаш оташ сар додаанд.
Сабабҳо ва омили ин амали ваҳшиёна то ҳол маълум нест ва мақомот низ ба хотири халал нарасондан ба ҷараёни тафтишот ҷузъиёти ҳодисаро ошкор накардаанд.
Қобили зикр аст, ки Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба ин ҳодиса изҳори нигаронӣ намуда, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Олимзода Насим Хоҷаро барои табобат ва нигоҳубин кардани ноболиғи мазкур вазифадор намудааст, ки табобати кӯдакро зери назорати қатъӣ гирад.
Read more: https://news.tj/tj/news/tajikistan/society/20190626/vazi-solimii-osiyai-6-sola-r-ba-bebud-ovard
Комментарии (0)