КӮЛОБ – ШАҲРИ ФАЛАК, ЧАКАН, ШАКАРОБ ВА МАРДУМИ НОТАРС, ВАЛЕ БЕКОР (16 АКС)
Роҳбари Гуруҳи корӣ оид ба шаҳри Кӯлоб Завқӣ Завқизода арқомеро нашр кард, ки воқеан нигаронкунандаанд. Дар гузориш Кӯлоб шаҳре бо баландтарин сатҳи бекорӣ ва пасттарин сатҳи ҷалби сармоя ном бурда мешавад. Дар тӯли 27 соли истиқлол ба иқтисоди Кӯлоб ҳамагӣ 46 миллион доллар сармоягузорӣ шудааст, ки ба сари ҳар сокинаш ҳамагӣ 221 доллар ( 8 доллар дар як сол)-ро ташкил медиҳад ва назар ба Хуҷанд, барои мисол, 20 маротиба камтар аст. Дар айни замон, аз 116 ҳазор аҳолии қобили кори Кӯлоб 36 ҳазор ё 31 фоизаш ҷои кор надоранд. Завқизода дар ин гузориши иқтисодӣ бо ном "Вазъи иҷтимоию иқтисодии шаҳри Кӯлоб) 6 "шедевр”-и моддию маънавиеро, ки Кӯлобро машҳур карданд, низ зикр кардааст:
1.Чакан. Курта, гулдӯзӣ ва тоқии чакан.
2.Фалак. Даштиву кӯҳӣ.
3.Шакароб. Таоми болаззат.
4.Мардуми нотарс, қавиирода ва бономус.
5.Таърихи беш аз 2700-солаи шаҳр.
6.Мақбараи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ (1314-1386)
Гузориши Завқӣ Завқизода, муовини якуми вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон ва роҳбари Гуруҳи кории байниидоравӣ оид ба шаҳри Кӯлоб таҳти унвони "Вазъи иҷтимоию иқтисодии шаҳри Кӯлоб” рӯзи 14 июн дар як ҳамоиш дар мавзӯи роҳҳои ҷалби сармоягузорӣ ба иқтисоди ин шаҳр ироа шудааст.
Танҳо як бахши ин гузориш дар бораи дастовардҳои маънавии ин шаҳр, ба мисли чакану фалаку шакароб ва мардуми нотарсаш буда, Завқизода дар гузоришаш бештар пиромуни мушкилоти иқтисодиву иҷтимоии ин минтақа ҳарф задааст.
Аз ҷумла маоши миёна дар Кӯлоб ҳамагӣ 915 сомониро ташкил медиҳад, ки аз маоши миёнаи умумӣ дар тамоми кишвар ҳудуди 20 дарсад камтар аст.
Ҳамин тавр, ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти саноатӣ дар Кӯлоб ҳамагӣ ба 218 миллион сомонӣ баробар будааст, ки ин назар ба 438 миллион сомонӣ ҳаҷми маҳсулоти кишоварзӣ дар инҷо ду маротиба камтар аст. Яъне манбаи таъмини буҷаи шаҳр то ҳол соҳаи кишоварзист, на корхонаҳои саноатиаш, ки аксар аз кор мондаанд.
Ва аммо дар рӯйхатти лоиҳаҳои сармоягузорие, ки дар соли ҷорӣ дар Кӯлоб амалӣ карда мешаванд, боз ҳам сохтмони ягон корхонаи бузурги саноатӣ вуҷуд надорад.
Аз 116 ҳазор аҳолии қобили кори Кӯлоб 36 ҳазор нафар, ё 31 дарсадаш бекор будаанд ва аммо дар 5 моҳи аввали соли 2019 дар Кӯлоб ҳамагӣ 320 ҷои нави корӣ эҷод кардаанд.
Дар айни замон сатҳи сармоягузорӣ ба шаҳри Кӯлоб хеле паст буда, дар тӯли солҳои 1991-2017 ҳамагӣ 46 миллион долларро ташкил додааст, ки ба ҳар сари аҳолиаш ҳамагӣ 221 доллар рост меояд. Барои муқоиса дар ин муддат ба иқтисоди шаҳри Бохтар 121 миллион доллар (1110 доллар ба сари ҳар сокин) ва ба иқтисоди шаҳри Хуҷанд 723 миллион доллар (4089 доллар ба ҳар сари аҳолӣ) сармоягузорӣ шудааст.
ВАЗЪИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ ШАҲРИ КӮЛОБ (Завқизода З. А. – муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон)
Сарчашма: https://akhbor.com/-p9448-121.htm
Комментарии (0)