КУШТОРИ НОБОЛИҒИ 14-СОЛА ДАР ОСОИШГОҲИ ҚАРАТОҒ
Як сокини ноболиғи 17-солаи маҳаллаи Шарифободи ноҳияи Шаҳринав бо иттиҳоми қасдан расондани зарари вазнин ба саломатӣ, ки сабаби марги ҷабрдида шуд, дастгир шудааст. ВКД мегӯяд, ин наврас рӯзи 5 май дар ҳудуди осоишгоҳи муолиҷавии Қаратоғ бо як навраси 14-сола, сокини синфи 7-ум аз шаҳри Душанбе муноқиша карда, бо санг чанд маротиба сар, ҷоғ ва тамоми узвҳои бадани номбурда зада, ӯро ба чуқурии бетонӣ партофтааст.Дар натиҷа ҷабрдида дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Ба навраси дастгиршуда бар асоси қисми сеюми моддаи 110-уми Кодекси ҷиноятӣ аз 12 то 15 соли зиндон таҳдид мекунад. Вале қонунҳои Тоҷикистон нисбат ба ноболиғон ҷазоҳои сабуктарро дар назар гирифтаанд.
Маркази матбуоти вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 15 июн хабар дод, ки ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғ, писарбачаи 17-солаи сокини маҳаллаи Шарифободи ноҳияи Шаҳринав ҳамчун гумонбар дар қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуд.
"Номбурда, рӯзи 5-уми майи соли 2019, тахминан соати 16:00-дақиқа, аз сабаби муноқишаи ба миён омада, дар ҳудуди "Пансионати муолиҷавии Қаратоғ”, бо ноболиғ, писарбачаи 14-солаи сокини шаҳри Душанбе, хонандаи синфи 7-уми МТМУ, ҷангу ҷанҷол намуда, бо санг чанд маротиба ба сар, ҷоғ ва тамоми узвҳои бадани номбурда зада, ӯро ба чуқурии бетонӣ партофтааст.Дар натиҷа, ноболиғи мазкур ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст”,- гуфта мешавад дар гузориши ВКД.
Нисбати номбурда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 110 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.Ин банди қонун барои қасдан расондани зарари вазнин ба саломатӣ, ки аз беэҳтиётӣ сабаби марги ҷабрдида шудааст, ҳамчун муҷозот аз 12 то 15 соли зиндонро пешбинӣ мекунад. Вале қонунҳои Тоҷикистон нисбат ба ноболиғон ҷазоҳои сабуктарро дар назар гирифтаанд.
КОДЕКСИ ҶИНОЯТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Моддаи 110. Қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ
3) Қасдан ба саломатӣ расонидани зарари вазнине, ки
в) аз беэҳтиётӣ боиси фавти ҷабрдида гардида бошанд,‐бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз дувоздаҳ то понздаҳ сол ва мусодираи молу мулк
ҷазо дода мешавад. (ҚҶТ аз 31.12.08с №451).
Сарчашма: https://akhbor.com/-p9445-172.htm
Комментарии (0)