< Боздид аз Хоҷагии ёрирасони ВКД » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Боздид аз Хоҷагии ёрирасони ВКД

Боздид аз Хоҷагии ёрирасони ВКД
Вазири корҳои дохилӣ генерал - полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Саймумин Ятимов ва Раиси Кумитаи Телевизион ва Радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Шоҳиён аз заминҳои Хочагии ёрирасони Раёсати қушунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ боздид ба амал оварданд.


Роҳбариати мақомоти корҳои дохилӣ ва меҳмонон аз заминҳои кишти картошка, пиёз, сабзӣ, лаблабу ва карам дидан намуда, ба сифату натиҷаи корҳои хоҷагии ёрирасон баҳои баланд доданд.
 
Ҳамзамон ба масъулини Хоҷагии ёрирасон барои хуб нигоҳубин намудани зироатҳои полезӣ дастуру супоришҳо доданд.
 
Ёдовар мешавем, ки дар заминҳои Хоҷагии ёрирасони Раёсати қушунҳои дохилии ВКД, картошка, пиёзҳои намудҳои гуногун, лаблабу, карам, сабзӣ, помидор, боқлачон, каду ва дигар намуди навъҳои маҳсулоти хоҷагии қишлоқ кишт карда шудааст, ки аллакай баъзе аз онҳо ба ҳосил даромадаанд. 

Мавриди қайд аст, ки баъди пухта расидани зироатҳои киштгардида, он ҷамъоварӣ гардида барои таъминоти ҳайати шахсии қисмҳои низомии Раёсати қушунҳои дохилӣ ва Воҳидҳои таъиноти махсуси Вазорати корҳои дохилӣ фиристода мешаванд. 

Масъулини Хоҷагии ёрирасон нақша доранд, ҳосили имсоларо беталаф ҷамъоварӣ намуда, сохторҳои дахлдори мақомоти корҳои дохилиро сари вақт бо маҳсулоти тару тоза таъмин намоянд.


Дар бошишгоҳи Хоҷагии ёрирасон барои кору фаъолияти сарбозон тамоми шароитҳои зарурӣ муҳайё гардида, онҳо бо тамоми техникаю асбобҳои зарурӣ таъмин карда шудаанд.

Аз заминҳои хоҷагии мазкур бо истифода аз боду ҳавои мусоид имконият аст, ки дар як сол ду маротиба ҳосили хуб гирифта шавад.

Назарзода Ҳакимҷон

Комментарии (0)

Оставить комментарий