< Ҳақиқатнигор бошем » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Ҳақиқатнигор бошем

Ҳақиқатнигор  бошем

Рӯзноманигорӣ пешаи пуршараф ва пурифтихорест, ки мардумро аз ҳаводиси оламу навгониҳои дунё бохабар гардонида, сатҳи ҷаҳонбинии одамонро боло мебардорад. Аммо, вақте ки рӯзноманигор як хабари нодурусту бардурӯғ ё иғвоангезонаро рӯйт коғаз меорад ё ба воситаи радиёву телевизион мешунавонад, боиси нооромии ҷомеа ва сар задани ҳар гуна низоъҳо мегардад. Бинобар ин рӯзноманигор ва кормандона васоити ахбори омма набояд дар ин самт ба саҳлангориҳо роҳ диҳанд. 

        Имрӯзҳо яке аз чунин воситаҳои абори омма, ки бо садо додану паҳн намудани хабарҳои иғвоангезона бештар сару кор мегирад, радиои «Озодӣ» мебошад. Ба воситаи расонаҳои хабарии интернетӣ чандин гуфторҳои ин шабакаи радиоӣ дарҷ гардидаанд, ки ҳамагӣ мазмуну мақсадҳои нопок ва иғвоангезона доранд. 

        Намояндагону рӯзноманигорони ин шабакаи радиоӣ худро ҳамчун «дӯстони миллати тоҷик» нишон дода, арз медоранд, ки пайваста ғамхору дилсӯзони ин давлату ин миллатанд. Вале дар асл чӣ? Эшон чаро дар бораи пешравию инкишофи босуръати ободкориҳо дар мамлакат ва ё дигар соҳаҳои ҳаётан муҳими кишвар чизе намегӯянду доим дар пайи ёфтани камбудию норасоиҳоанд? Дар ягон давлати дунё тамоми соҳаҳо якранг пеш намераванд, албатта, дар кишвари мо низ камбудию проблемаҳо ҷой доранд. Вале мо бояд роҳҳои ҳалли он камбудиҳоро ҷӯем, то ҳар чи тезтар аз чунин проблемаҳо раҳоӣ ёбем.

        Намояндагони ин шабака бо роҳбарии сардорашон- Салими Аюбзод доим дар фикри онанд, ки аз куҷо ва чӣ тавр камбудии роҳбарони Давлат ё дигар шахсони мансабдори мамлакатро ёбему онро бо сад иловаю буҳтонҳои дигар ба оламиён расонем. Чӣ тавре ки шоирони дарбори Султон Маҳмуди Ғазнавӣ чунин рафторро нисбати Абулқосим Фирдавсӣ раво дида буданд. Вале оқибат худ шармандаю шармсор гардиданд.

         Агар шумо дар ҳақиқат ғамхору дилсӯзи миллати тоҷиконед, пас хабарҳоеро пахш намоед, ки рӯҳияи мардумро баланд мегардонаду ба оянда бо чашми нек нигаранд. Хушбахтона, кишвари тоҷикон рӯз ба рӯз ободу зебо, гулгулшукуфон ва тараққиёти тамоми соҳаҳо назаррас гардида истодааст. Сарвари муаззами миллатамон – Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша дар пайи баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардуманду тинҷию суботи мамлакат. Барои халқ аз сулҳу субот ва тинҷию оромӣ дида неъмати дигаре вуҷуд надрад. Ҷаҳониён инро хуб медонанду хуб дарк намудаанд. Зеро ин ҳақиқат асту онро рӯйпӯш кардан наметавон.

Комментарии (0)

Оставить комментарий