< Ширкати ҳавопаймоии «Varesh Airlines» дар масири Машҳад-Душанбе-Машҳад нахустин парвози мустақим анҷом дод » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Ширкати ҳавопаймоии «Varesh Airlines» дар масири Машҳад-Душанбе-Машҳад нахустин парвози мустақим анҷом дод

Ширкати ҳавопаймоии «Varesh Airlines» дар масири Машҳад-Душанбе-Машҳад нахустин парвози мустақим анҷом дод
Ширкати ҳавопаймоии эронии  «Вориш Эйрлайнз» («Varesh Airlines») дирӯз дар масири Машҳад-Душанбе-Машҳад нахустин парвози мустақим анҷом дод. Соати 11:26 дақиқа  ба вақти маҳаллӣ ҳавопаймои ин ширкат бо 83 мусофир дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе нишаст. Ҳавопаймои мазкур соати 13:06 дақиқа бо 86 мусофир аз Душанбе ба самти Машҳад парвоз намуд.

«Баъд аз таваққуф ба роҳ мондани парвози ҳавопаймоҳо дар самти Машҳад-Душанбе дар доираи тавсеаи  ҳамкории мутақобилан судманди Тоҷикистон ва Эрон сурат гирифтааст», — гуфт муовини директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон  Азиз Набизода.

А. Набизода афзуд, ки чанде қабл Агентии  авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ширкати ҳавопаймоии Ҷумҳурии Исломии  Эрон «Вориш Эйрлайнз» барои анҷоми парвозҳо дар масири  Машҳад- Душанбе-Машҳад иҷозат дода буд.  Парвозҳои мустақим дар масири мазкур ҳафтае як маротиба анҷом дода шуда, баъдан бо назардошти афзоиши шумораи мусофирон онҳо афзун гардонида мешаванд.

Бояд тазаккур дод, ки қаблан дар масири Душанбе-Теҳрон ва Машҳад-Душанбе ҳавопаймоҳои ширкатҳои Тоҷикистон «Тоҷик Эйр» ва Эрон «Осмон Эйр» парвозҳои мустақим анҷом медоданд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий