ВАРЗОБ: ХУДКУШИИ ҶАВОНИ 28-СОЛА ДАР ИДИ САИДИ ФИТР
Дар деҳаи Чорбоғи ноҳияи Варзоб иди саиди фитр ба мотами талх табдил ёфт. Ҳамдеҳагон ба ҷойи идгардак ва шодиву нишоти идона либоси мотамӣ ба бар намуда, бо чашмони ашкбору қалби хунчакон ба ҷанозаи ҳамдеҳаашон Файзулло, ки ба қавле аз сад гулаш як гулаш нашукуфта буд, равон шуданд. Ин ҷавони 28-сола дар манзили зисташ бо расан худро ба дор овехта куштааст.
Сабаби даст ба худкушӣ задани марҳум то ҳол маълум нест. Ба қавли ҳамдеҳагонаш Файзулло чанде пеш аз муҳоҷирати меҳнатӣ баргашта, зиндагии ободу осоишта доштааст. Касоне, ки марҳумро хеле хуб мешинохтанд, аз ӯ танҳо ба некӣ ёд карда, мегӯянд Файзулло бачаи хуб, меҳрубон, самимӣ ва хушчақчақ буд. Вай бо касе рақобату душманӣ надошт ва аз ягон кас қарздор низ набуд.
Муносибаташ бо ҳамдеҳагон, ёру дӯстон ва ҳамсару аҳли хонаводааш хеле олӣ буд. Мушкилоте, ки ин ҷавони меҳрубонро то ҳалқаи дор бурда тавонад, дар зиндагиаш вуҷуд надошт, аммо вақтҳои охир ӯ ким-чи хел хаёлӣ менамуд ва бештар худро ба гӯшаи танҳоӣ мекашид.
Бегоҳи ид Файзулло ба занаш роҳкиро дода ӯро ба хонаи хушдоманаш ба аёдати волидонаш мефиристад ва таъкид мекунад, ки ду соат пас ҳатман ба хона баргардад.
Пас аз рафтани зану фарзандонаш хонаро хилват ёфта, ӯ аз ресмони борике, ки маъмулан дар деҳот барои бастани дарзаи алаф истифода мешавад, халқаи дор месозад ва худро дар мехи пардаи хонаи хобаш ба дор меовезад.
Вақте ки ҳамсараш ба хона баргашт, ҳамдеҳагон аллакай ҷисми беҷони Файзуллоро аз ҳалқаи дор берун оварда буданд ва манзили онҳо пур аз одам буд. Ҷанозаи Файзулло субҳи рӯзи иди саиди фитр дар Ҷорбоғ барпо гашта, аҳли оила ва ёру дӯстон ҷасади ин ҷавони ормониро бо нолаҳои зор дар қабристони деҳа ба хок супурданд.
Аз ин ҷавони номурод 3 фарзанди хурдсол ятим монд.
Комментарии (0)