< “ Мусобиқаи беҷоиза” дар арафаи иди Фитр » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

“ Мусобиқаи беҷоиза” дар арафаи иди Фитр

“ Мусобиқаи беҷоиза” дар арафаи иди Фитр

Сар карда аз субҳи 04-уми июни соли равон дар кӯчаҳои пойтахт хурду калон, ҳама, аз ҳаррӯза бештар серташвиш буданд. Ҳама барои таҷлили ид тайёрӣ мебинанд. Мутаассифона, як-ду рӯз қабл аз иди саиди Фитр, дар аксари раставу бозорҳои пойтахт, фурушандаҳо аз ҳадди инсоф баромада, нархи маҳсулоти хӯрока- сабзавоту меваҷот, ширинивориҳо, шарбату нӯшиданиҳо ва ҳатто пушокаро низ ба осмони ҳафтум бардошта, ба норозигии шадиди мардум рӯ ба рӯ мегарданд, ҳол он ки бояд дар чунин рӯзҳо инсофро маҳаки асосии кори хеш қарор диҳанд. Ронандаҳое, ки аз пойтахт ба самти шаҳру ноҳияҳо бо мусофиркашонӣ машғуланд,аз зиёдии мусофирон истифода бурда, нархи роҳкироро бамаротиб зиёд мекунанд. 

Ғайр аз ин аксари мардум дар рӯзи таҷлили ид, ба гаронии молу маҳсулоти мағозаву растаҳо, нигоҳ накарда, миёни худ “мусобиқаи дастархонороӣ” ташкил менамоянд. Гарчанде тайғиру иловаҳо ворид кардан ба конуни танзим, то андозае авҷ гирифтани ин” мусобиқа”-ро боздошт, вале ҳанӯз ҳам ин “мусобиқа” дар байни мардум ба пуррагӣ аз байн нарафтааст. Тассаввур кунед, ки як муаллим моҳе 1000-1500 сомонӣ маош мегирад ва бояд ҳамин андоза маблағро барои як моҳ дар таъмини оилааш расонад. Лекин бо вуҷуди ин, бояд дар “мусобиқаи дастархонороӣ” қафо намонад. Дар сурати баръакс ба таънаву маломати ҳамсоягон дучор мешавад. Дини ислом исрофро ҳаром донистааст, вале рӯзи ид вақте ба хони сокинон назар меафканем, ҷойи сузанзанӣ ёфт намешавад. Қанду қандалот ва дигар шириниҳо, мевагиҳо, мағзу мавиз кулчақанд (торт)-ҳои “бисёрошиёна” хуллас ҳама нозу неъмат муҳайё. Ин, албатта, хуб аст, ки мардум саховатпешаанд ва дар густурдани дастархони “беҳтарин” ҳунари “воло” доранд, вале аз ин беҳтар он аст, ки қисме аз ин маблағи дар оростани дастархон сарф менамудаашонроро ба нафарони эҳтиёҷманд диҳанд, то савоби бештареро сазовор шаванд.

Бояд дар хотир дошт, ки моҳи Рамазон танҳо нахӯрдану наошомидан набуда анҷоми амалҳои дигареро амсоли инсофу хайр ва сарфакориро низ тақозо менамояд.

https://www.facebook.com/permalink.php?story_fbid=171993147161045&id=100030510812080 

Комментарии (0)

Оставить комментарий