< Духтари 11-сола дар Варзоб ба дарё афтода ҷон бохт » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Духтари 11-сола дар Варзоб ба дарё афтода ҷон бохт

Духтари 11-сола дар Варзоб ба дарё афтода ҷон бохт
Як хонандаи мактаб дар деҳаи Такоби ноҳияи Варзоб ба дарё афтода, ҷон бохтааст. Мутриба Ваҳҳобидиноваи 11-сола дар синфи чаҳорум мехонд.

Мутриба 5-уми июн, дар рӯзи таҷлил аз Иди Фитр, ҳамроҳи хоҳари ҳафтсолааш ба кӯча баромада буд.

"Ҳарду хостаанд, ки аз болои пули чӯбин гузаранд, нохост ба дарё афтодаанд. Ҷасади Мутрибаро дар оромгоҳи деҳа дафн карданд".

Сафар Шарофов, омӯзгори мактаб дар деҳаи Такоб, низ гуфт, "мардум хоҳари Мутрибаро наҷот доданд, вале натавонистанд, худи ӯро зуд аз об берун кашанд."

Дар гузашта низ баъзе аз хонандагони мактаб ба дарё афтодаанд. Аз ҷумла, моҳи апрели соли гузашта ду духтар – як хонандаи синфи 8 ва як хонандаи синфи 11 дар ноҳияи Рашт ҳангоми суратгирӣ аз болои санг лағжида дар дарёи Сурхоб ғарқ шуданд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий