Боздошти 4 нафар барои сӯхтори газ ва ҷароҳати 6 роҳгузар дар Душанбе (навор)

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон чаҳор нафарро бо гумони даст доштан дар сӯхтори гази моеъ дар хиёбони Айнӣ, яке аз кӯчаҳои марказии Душанбе, дастгир кардааст. Дар ин ҳодиса, ки боис ба ҷароҳати шаш нафар шуд, мудири ширкати “Васл-саноат” Умед Тилоев ва се зердасташ муттаҳаманд.
Дар ҳоли ҳозир танҳо баёнияи расмии мақомот дастрас аст, вале то ҳанӯз наздикон ва вакилони мудофеи муттаҳамон изҳори назар накардаанд. Онҳо бар асоси се моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон гумонбаранд ва ба гуфтаи мақомот феълан дар боздошт ба сар мебаранд.
Шоми 18-уми май дар маҳаллаи “гардиши фурудгоҳи Душанбе” сӯхтори газ ба амал омад. Дар оғоз гуфта мешуд, лӯлаи газ таркидааст. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон рӯзи 19-уми май дар изҳороти расмӣ гуфт, “сӯхтори газ дар чоҳҳои амудӣ рух додааст”.
Мақомот мегӯянд, ҳодиса баъд аз он сар задааст, ки ширкати “Васл-саноат” масъулияти тоза кардани зарфи гази моеъ (гунҷоишаш 25 ҳазор литр) дар меҳмонхонаи “Ҳилтон”-ро ба уҳда гирифта, “боқимондаи газро ба қубури партовҳо равон кардаанд”.
“Дар ин ҳолат кормандони “Васл-саноат” қоидаҳои бехатариро вайрон намудаанд. Ин амали онҳо боис ба олудагии газ бо обу оксиген ва сар задани сӯхтор гашта, дар натиҷа 6 роҳгузар ҷароҳатҳои сабук бардоштаанд”, -- гуфта шудааст дар изҳороти ВКД.
[media=https://flashvideo.rferl.org/Videoroot/Pangeavideo/2019/05/b/bc/bc898700-627d-479e-a27c-8ef637738238_manifest.mpd]
Сарчашма: https://www.ozodi.org/a/29950736.html?fbclid=IwAR39oiATHdvtFsaZ4L06GgnHSOHknFe-S9hbBL5VFdguqN7Ap_NvCHrsAgw
Комментарии (0)