Имрӯз дар Душанбе марафони велосипедронӣ ва дави миллӣ доир мегардад
Бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар якҷоягӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз, 19 майи соли 2019, аз соати 7:00 то 8:00 марафони велосипедронӣ ва аз соати 8:00 то 9:30 дави миллӣ, тавассути кӯчаҳои Карамов-хиёбони Ҳофизи Шерозӣ то Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ»-и шаҳри Душанбе баргузор мешаванд.Тавре мудири бахши варзиши Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе Раҷабалӣ Турсунзода хабар дод, дар мусобиқаи марафони велосипедронӣ варзишгарон ва дӯстдорони ин намуди зебои варзиш ширкат меварзанд.
Дар дави миллӣ тамоми кормандони вазорату идораҳо, муассисаҳои олӣ ва таҳсилоти миёнаи касбии пойтахт иштирок менамоянд.
Бояд зикр кард, бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дави миллӣ ва дигар мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ дар тамоми ҷумҳурӣ баргузор мегардад.

Комментарии (0)