< Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад

Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
​Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо  борон ва барф меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония, дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 1+6 дараҷа гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 8+10 дараҷа гарм, рӯзона 8+13 дараҷа гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 15+17 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 6-11 дараҷа хунук ва рӯзона 1+6 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳавои тағирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7 метр дар як сония, дар баъзе ноҳияҳо то 7-12 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 2+7 дараҷа гарм, рӯзона 14+19 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 3 дараҷа хунук то 2  дараҷа гарм ва рӯзона 5+10 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо бебориш пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ борон борида, туман мефарояд.  Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 7+12 дараҷа гарм, рӯзона 19+24 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 6+11 дараҷа ва рӯзона 12+17 дараҷа гарм мешавад.

Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои тағирёбанда, дар водиҳо ва  ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 4+9 дараҷа гарм, рӯзона 18+23 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона -1+6 дараҷа гарм ва  рӯзона 11+16 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағирёбанда бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 7+9 дараҷа ва рӯзона 21+23 дараҷа гарм мешавад.


Сарчашма: khovar.tj​

Комментарии (0)

Оставить комментарий