< Дар Тоҷикистон беш аз 206 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ шудааст » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Дар Тоҷикистон беш аз 206 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ шудааст

Дар Тоҷикистон беш аз 206 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ шудааст
То 17-уми октябри соли 2026 дар Тоҷикистон беш аз 206 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ шудааст, ки  52%-и нишондиҳандаи пешбинишуда (нақша 394,7 ҳазор тонна)-ро ташкил медиҳад, хабар медиҳад Вазорати кишоварзии Тоҷикистон.

Ба иттилои ин ниҳод, имсол дар майдони 164,8 ҳазор ҳектар пахта кишт шудааст. Барои ҷамъоварии ҳосил ҳудуди 106 ҳазор кас ҷалб шуда, ҳамчунин, 54 мошини пахтачинӣ омода аст. Аммо суръати ҷамъоварии пахта аз нишондиҳандаҳои соли гузашта ақиб мемонад.
Шоҳрух Ҷумъазода, муовини сардори раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзӣ, дар мусоҳиба бо рӯзномаи «Ҷумҳурият», нашрияи расмии ҳукумати кишвар гуфтааст, ки сабаби ақибмонӣ номусоидии ҳаво аст.

Ба гуфтаи ӯ, кишти пахта нисбат ба муҳлати муқаррарӣ, 20 рӯз дертар, дар аввали моҳи апрел анҷом дода шуда, ҷамъоварии ҳосил 24-уми август оғоз гардид.

Соли 2025 дар Тоҷикистон беш аз 382 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ шуда буд.  
                                                            
Акс аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд


Нархҳои харид ва арзиши аслии пахтаБа гуфтаи деҳқонон, корхонаҳои коркарди аввалия, пахтаро бо нархи 5–5,2 сомонӣ (1 кг) қабул мекунанд. Дар ҳолое, ки тибқи ҳисоби мутахассисон, арзиши аслии истеҳсоли 1 кг пахта дар сурати аз ҳар ҳектар ба даст овардани 24 сентнер ҳосил, 13,8 сомониро ташкил медиҳад.

Мехоҳед «Азия-Плюс"-ро дар Google бештар бинед? Моро ба манбаъҳои афзалиятнок илова кунед.

Намояндагони Вазорати кишоварзӣ мегӯянд, ки ин ниҳод наметавонад мустақилона нархи нуриҳои минералӣ ва сӯзишвориро поин барад. Вазорат, афзоиши ҳосилнокиро роҳи асосии баланд бардоштани даромаднокии пахтакорӣ медонад.

Вазорати кишоварзӣ чӣ тадбирҳо рӯйи даст мегирад?Дар Тоҷикистон «Барномаи давлатии рушди инноватсионии пахтакорӣ барои солҳои 2024–2030» амал мекунад. Дар он, ҷорӣ кардани фанновариҳои муосири парвариши пахта ва дастгирии деҳқонон пешбинӣ шудааст.

Акс аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон


Тибқи маълумоти пешниҳодшуда дар нишасти матбуотии тобистони соли равон, соли 2025 дар майдони 21 ҳазор гектар усулҳои нави парвариши пахта истифода шудааст. Ҳосилнокӣ дар ин қитъаҳо аз ҳар ҳектар ба ҳисоби миёна 40 сентнерро ташкил додааст.
                                                                    
Ба иттилои ин ниҳод, соли равон майдони кишти пахтаи зери «плёнка» то 40,2 ҳазор ҳектар зиёд карда шуд. Ҳангоми парвариш усулҳои обёрии маъмулӣ ва қатрагӣ истифода шудаанд.  
                                                            
Барои ҷорӣ кардани ин фанновариҳо, тавассути корхонаи давлатии «Тоҷикагролизинг» 100 тухмипошаки махсус харидорӣ ва ба хоҷагиҳо супорида шудааст.

Дар Вазорати кишоварзӣ иҳори умедворӣ карданд, ки истифодаи фанновариҳои муосир ба баланд бардоштани ҳосилнокӣ, коҳиши арзиши аслии пахта ва зиёд шудани даромади истеҳсолкунандагон мусоидат мекунад.
                                         
Сарчашма: asiaplus.news

Комментарии (0)

Оставить комментарий