< Хонаҳо гарм мешаванд: оғози кори марказҳои барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

Хонаҳо гарм мешаванд: оғози кори марказҳои барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе

Хонаҳо гарм мешаванд: оғози кори марказҳои барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе
Дар ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ ва Синои шаҳри Душанбе қубурҳои гармидиҳӣ ба таври санҷишӣ ба кор оғоз намуданд.Дар ин бора «Шабакаҳои гармидиҳии шаҳри Душанбе» хабар додааст.

Ба иттилои ин муассиса шоҳқубурҳои марказҳои барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе бо об пур ва барои таъмин намудани 4 ноҳияи шаҳри Душанбе пурра омода буда, марҳила ба марҳила ба кор шуруъ менамоянд.

Ба иттилои Шабакаҳои гармидиҳии шаҳри Душанбе имсол дар умум 3 ҳазору 300 бино ва иншоот бо гармӣ таъмин мешаванд.
Ин ниҳод аз сокинони Душанбе хоҳиш кардааст, ки қубурҳо ва таҷҳизоти гармидиҳии хона ва коргоҳу идораҳои худро санҷанд ва барои қабули оби гарм омода намоянд.

Мавсими гармидиҳӣ дар шаҳри Душанбебарои давраи тирмоҳу зимистони соли 2026–2027 расман омода шуда, аз 5–6-уми октябри соли 2026 қубурҳои гармидиҳӣ ба таври санҷишӣ ба кор оғоз намуданд.

Таъмини гармӣ тамоми 4 ноҳияи шаҳри Душанберо фаро мегирад ва омодагӣ таҳти назорати мақомоти шаҳрдорӣ қарор дорад.

Сарчашма: sputnik.tj​

Комментарии (0)

Оставить комментарий