< ВМКБ ва чанд шаҳру навоҳӣ аз иҷрои нақшаи даъват ба хидмат дар соатҳои аввали маърака хабар доданд » Агентии иттилоотии мустақил. «ҲАМСИНФ»

ВМКБ ва чанд шаҳру навоҳӣ аз иҷрои нақшаи даъват ба хидмат дар соатҳои аввали маърака хабар доданд

ВМКБ ва чанд шаҳру навоҳӣ аз иҷрои нақшаи даъват ба хидмат дар соатҳои аввали маърака хабар доданд
Субҳи рӯзи аввали мавсими тирамоҳии даъвати ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ), шаҳрҳои Бохтару Гулистон, ноҳияҳои Тоҷикобод, Вахш ва ҷамоати деҳоти Ворухи шаҳри Исфара аз иҷрои пурраи он хабар доданд.

Ҳукумати ВМКБ эълон кард, ки шаҳру ноҳияҳои он нақшаро 101% пур кардаанд. Ин вилоят солҳои гузашта ҳам аз иҷрои пурраи нишондиҳандаи даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ иттилоъ медод.

Шаҳрдории Бохтар ва ҳукумати ноҳияҳои Тоҷикобод ва Вахш ҳам хабар доданд, ки нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба артишро дар рӯзи якум 100% иҷро кардаанд.

Ҷавонони Тоҷикобод. Акс аз ҳукумати Тоҷикобод


Мақомоти шаҳри Бохтар сабаби чунин натиҷаро «ба ҳамоҳангии кори сохторҳои марбута, фаъолияти комиссияи даъват ва омодагии ҷавонон барои адои хизмати ҳарбӣ» рабт медиҳанд. Мақомот мегӯянд, ин шаҳр соли сеюм аст, ки нақшаи даъватро дар рӯзи якум иҷро мекунад.
                    
                                                            
                                            
                                            

Имрӯз, 1-уми октябр ҳукумати шаҳри Гулистон ҳам хабар дод, ки «нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рӯзи аввали даъват 100 фоиз иҷро намуд.»

Ҷавонони Ворух. Акс аз Раёсати ҷавонони Суғд


Раёсати ҷавонони вилояти Суғд низ навишт, ки нақшаи даъват дар ҷамоати деҳоти шаҳри Исфара пурра иҷро шудааст. Қаблан, низ ин ҷамоат дар рӯзи аввали маърака аз иҷрои нақшаи даъват хабар медод.

Бар асоси фармони раисҷумҳур, мавсими тирамоҳии ҷалби ҷавонони аз 18 то 27-сола (солҳои таваллуди 1999-2008) имрӯз, 1-уми октябр, оғоз шуд ва то охири моҳи ноябр идома меёбад.
                                                                    
Мақомот иҷрои нақша дар рӯзи аввали маъракаи даъватро «афзоиши ихтиёриён, пешниҳоди имтиёзҳо ба даъватшавандагон ва дуруст ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ» арзёбӣ мекунанд. Вале коршиносон мегӯянд, тибқи қонуни нави уҳдадорҳои ҳарбӣ мақомот ҳақ пайдо карданд, ки тамоми сол ҷавононро ба артиш ҷалб кунанд ва маҳз ин чиз сабаб мешавад, ки онҳо нақшаро дар рӯзҳои аввали маъракаи даъват иҷро кунанд.
                                                             
Ҳамасола бо шуруъи маъракаи давъати ҳарбӣ мавзӯи ҷалби ҷавонон ба артиш дар Тоҷикистон доғ мешавад. Шароити номуносиб, бадрафторӣ бо сарбозон, меҳтарсолорӣ ва марги ҷавонон дар қисмҳои ҳарбӣ аз сабабҳои аслии саркашии ҷавонон аз хидмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон гуфта мешавад.

Дар ин маводи «Азия-Плюс» ба муҳимтарин саволҳо дар бораи даъвати ҳарбӣ посух дарёфт кунед: Даъвати тирамоҳӣ ба артиш оғоз мешавад. Ба муҳимтарин саволҳо дар бораи даъват ба хидмати ҳарбӣ посух дарёфтем


Сарчашма: asiaplus.news

Комментарии (0)

Оставить комментарий