Як зани 30 – сола, ки ба куштори бародараш гумонбар мешуд, ба 21 соли зиндон маҳкум шудааст
Додгоҳи вилояти Суғд Мунира Андаеваи 30-сола, як сокини ноҳияи Мастчоҳро барои куштори бародараш ба 21 соли зиндон маҳкум карда, дар айни ҳол, бо татбиқи қонуни афв аз муҳлати ҷазои ӯ 3 сол кам кардааст. Дар ин бора дар барномаи «Милитсия хабар медиҳад»-и Раёсати ВКД дар вилояти Суғд гузориш дода шуд.
Ба иттилои барнома, Мунира Андаева рӯзи 12-уми июн тақрибан соати 16:00 бо хоҳар, бародар ва модараш якҷо нӯшокии спиртӣ нӯшида, дар ин миён, байни Мунира ва бародараш Равшан Андаеви 35-сола ҷанҷол сар задааст.
ба гуфтаи тафтишот, «аввал бародар пиёларо ба сӯйи хоҳараш партофта, ба ӯ ҷароҳат расонидааст. Дар посух Мунира Андаева бо болғаи резинӣ ба сару рӯйи бародараш зада, ӯро беҳуш кардааст. Сипас, пайкари ӯро ба саҳни ҳавлӣ бароварда, бо хишти бетонӣ то дами марг задааст».
Тасдиқи ин гуфтаҳо тавассути манеобеи дигар ғайриимкон аст.
Тафтишоти пешакӣ ин кирдорро «куштор бо бераҳмии махсус» арзёбӣ кардааст.
Пештар «Азия-Плюс» дар бораи боздошти Андаева хабар дода буд, ки мақомоти Суғд нисбати ӯ бо гумони куштори бародараш барои одамкушӣ (моддаи 104 КҶ) парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд. Он замон Вазорати корҳои дохилӣ (ВКД) гузорише нашр кард, ки дар он гумонбар гуфта буд, аввал бародараш бо пиёла ба ӯ ҷароҳат расонидааст.

Лаҳзаи эълони ҳукм. Намогирифт аз гузориши РВКД дар вилояти Суғд
Парванда ҳафтаи гузашта дар мурофиаи ошкорои Додгоҳи вилояти Суғд баррасӣ шудааст. Додрас Мунира Андаеваро тибқи моддаи 104, қисми 2, бандҳои «в» ва «е"-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон (одамкушӣ) гунаҳкор дониста, ӯро ба 21 сол аз озодӣ маҳрум кардааст.
Дар асоси Қонуни «Дар бораи афв» аз 16-уми июни соли 2026, ки барои занон, ноболиғон ва маъюбон муҳлати адонашудаи ҷазоро 3 сол кам мекунад, ҷазои Андаева низ ба ҳамин андоза кам карда шудааст. Акнун ӯ бояд 18 сол дар зиндон бимонад.
Назари маҳкумшуда, наздикон ва вакили дифояш ба қазия ва ҳукми додгоҳ маълум нест.
Ҳодисаи куштори наздикон дар Тоҷикистон бори аввал нест. Аз ҷумла, чанде пеш Додгоҳи вилояти Хатлон Валӣ Сафаралӣ, муттаҳам дар куштори ду зан ва як кӯдак дар Кӯлобро ба ҳукми абад маҳкум карда буд. Ҳамчунин, соли гузашта, Додгоҳи вилояти Суғд як сокини 38-солаи шаҳри Истаравшанро ба куштори хоҳарбузургаш ва қасди куштори «хушдор"-и ӯ гунаҳкор дониста, 23 сол равонаи зиндон карда буд.
Тибқи иттилои Вазорати корҳои дохилӣ дар кишвар дар 6 моҳи 2026 дар Тоҷикистон 40 ҷинояти куштор ва сӯиқасд ба он сабт шудааст, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 13 маврид зиёд мебошад. Маълум нест, ки дар ин миён чанд куштор аз сӯи наздикони ҷабрдидаҳо содир шудааст.
Сарчашма: asiaplus.news

Комментарии (0)